Сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо Афшин Муқим хабар медиҳад, ки 6 ҳоҷиро дар байни ҳамагӣ чанд рӯзи охир барои вайрон кардани қонуни танзим протокол карда, парвандаҳояшро ба додгоҳ фиристодаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳанӯз бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Маккаву Мадина идома дорад ва то 3-юми сентябр давом хоҳад кард.

Моддаи 12-уми қонуни танзим ташкили маъракаҳои «ҳоҷиталбон», «ҳоҷизиёрат» ва «ҳоҷиошӣ»-ро манъ кардааст. Барои вайрон кардани ин банди қонун ҷарима ба маблағи 5500 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Гусел ва пешвози ҳоҷиён тибқи ин қонун бояд дар доираи оила гузаронда шаванд, аммо ҳоҷиён иҷозат доранд, ки ба мардум оби замзам ва хурмо ҳадия диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here