Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияҳои вилояти Хатлон дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар ин вилоят бо маблағи 59 млн. сомонӣ қарздоранд.

Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Ояатулло Умаров нигаронӣ аз он кардааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиятсияҳо обро бе мушкилӣ истифода мебаранд, аммо ҳаққи истифодаашро сари вақт пардохт намекунанд.

Аз сабаби пардохт нашудани оби истифодашуда, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон дар назди ҶСК шабакаҳои барқи “Ҷануб” ба маблағи 19 милону 80 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд, ва дар баробар ин, раёсат аз андоз ва музди меҳнат низ қарздор аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди раёсати мазкур аз ҳама бештар идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ 9 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, Ёвон 9 миллону 316 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Дӯстӣ 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here