53 дарсади шаҳрвандони Русия аз истеъфои ҳукумат пуштибонӣ ва 40 дарсад мухолифи он ҳастанд. Дар ин маврид Маркази омӯзиши афкори умуми «Левада», ки миёнаҳои моҳи декабр назарсанҷе анҷом додааст, хабар дод.

Моҳи ноябри соли 2016 аз се як ҳиссаи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехостанд.

57 дарсади шаҳрвандон бовар доранд, ки ҳукумати Русия наметавонад мушкилоти боло рафтани нархҳо ва коҳиши даромади аҳолиро ҳал кунад. 46 дарсад мегӯянд, ки ҳукумат наметавонад онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад ва 43 дарсад бовар доранд, ки ҳукумат дар фикри таъмини иҷтимоии мардум нест.

Тибқи назарсанҷии гузаронидашуда, 36 дарсад гуфтанд, ки ҳукумат бо ҳайати феълиаш аз уҳдаи муқовимат бо буҳрони иқтисодӣ намебарояд.

Маркази ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯзи 8-уми январ гуфтааст, ки соли 2018 руҳияи эътирозии шаҳрвандони Русия дар муқоиса бо солҳои пешин боло рафт. Коршиносон инро дар қадами аввал ба норозигии мардум аз боло бурдани синни нафақа — номаъруфтарин ислоҳоти мақомоти кунунии Русия, рабт доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here