Судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба вайрон кардани Қонуни «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нуҳ моҳи имсол 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 527 шахсро баррасӣ карда, 519 нафарро ба маблағи умумии 2 490 565 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Гуфта мешавад, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар риоя накардани Қонун «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ, нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъйин гардидааст. Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёданд. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парванда ва дархосту пешниҳодро моҳиятан баррасӣ карданд, ки назар ба шашмоҳаи  якуми соли гузашта 500 адад кам шудааст.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 10130 ададро парвандаҳои гражданӣ, 29324 парвандаҳои оилавӣ, 8149 парвандаҳои ҷиноятӣ, 39106 парвандаҳои маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here