25-уми сентябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар роҳи автомобилгарди ҳудуди шаҳри Бустони вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес бенc» рақами қайди давлатиаш 09 03 СА 02 таҳти идораи шаҳрванд М. М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошта шудааст.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 500 литр оби набот муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд М.М. соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Усмонов тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молашро аз деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шахси ба ӯ ношинос, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ карда, бе ҳуҷатгузории гумрукӣ бо мақсади фурӯш интиқол додааст.

Оид ба ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванд М.М. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here