Имрӯз дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе маросими супоридани 50 тонна хурмои Хазинаи рушди шоҳ Салмон ба ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими супоридани 50 тонна хурмои ҳадия, ки бояд ба оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон дастрас карда шуавад, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ, намояндаи Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Раҳимов ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан дар моҳи шарифи Рамазон низ Хазинаи рушди шоҳ Салмон ба ҷониби Тоҷикистон 50 тонна хурмо ҳадия карда буд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ хабарнигори МТЖТ аз сафири Арабистони Саудӣ вобаста ба таъсири бемории коронавирус ба кишвари Арабистони Саудӣ ва Ҳаҷ муроҷиат намуд.

Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки алҳол таъвофи Ҳаҷ барои зиёраткунандагони кишварҳои хориҷӣ маъмнуъ боқӣ мемонад.

— Аз оғози хуруҷи бемории коронавирус Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тамоми шаҳрвандони худро, ки дар давлатҳои хориҷӣ қарор доштанд бо парвозҳои махсус ба шоҳигарӣ интиқол дод, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ. Ҳамчунин шоҳигарӣ ба 60 дарсади аҳолии кишвар, ки дар бахши хусусӣ ва хизматрасонӣ кору фаъолият мекарданд ва аз таъсири хуруҷи бемории коронавирус даромадашон кам гардида буд ба маблағи садҳо миллион доллари ИМА ҷубронпулӣ пардохт намуд.

Дар идома сафир афзуд, ки хушнуд аз онанд, ки ба зиёраткунандагони мавсими Ҳаҷ аз кишварҳои хориҷӣ хизмат мерарасонанд.

— Мувофиқи тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ алҳол Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз қабули зиёраткунандагони Ҳаҷ худдорӣ мекунад. Албатта, ин пеш аз ҳама барои бехатарӣ ва ҳифзи саломатии зиёраткунандагон. Ман умедворам, ки вазъ хуб мешавад ва мо дар оянда метавонем зиёраткунандагонро барои таъвофи Каъба пазироӣ намоем, — илова намуд Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ.

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here