18 ва 19-уми  декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Маскави Русия Ҷоми ҷаҳонии самбо-2020 ба ёдбуди Анатолий Харлампиев баргузор гардид, ки дар он 11 нафар паҳлавони тоҷик ширкат карданд.

Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон, Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар самбои размӣ иштирок карданад ки ҷамъи медалҳои варзишгарони Тоҷикистон 5 медали биринҷӣ шуд.

Алимуҳаммад Алиев дар ҳарду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ — дар вазни то 57 кг ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ аз намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кг соҳиб шуд.

Инчунин, ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кг ва Осмонбек Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кг дар самбои размӣ гирифтанд.

Варзишгарони Русия бо 42 медал (22 тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Онҳо ҳам дар самбои варзишӣ миёни мардону занон ва ҳам самбои размӣ дар ҳисоби дастаӣ ҷойҳои аввалро гирифтанд. Дар байни мардон ҷойи дуюм насиби дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ва ҷойи сеюм насиби дастаи мунтахаби Қирғизистон гардид. Дар сабқати занон ҷойи дуюмро дастаи мунтахаби Руминия ва ҷойи сеюмро дастаи  мунтахаби Беларус ишғол карданд. Дар сабқати самбои размӣ ҷойи дуюмро дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ва ҷойи сеюмро дастаи мунтахаби Баҳрайн гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here