Дар шашмоҳаи аввали соли равон 40 нафар сокини вилояти Хатлон барои шикори ғайриқонунии кабк ба маблағи беш аз 6 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар ин бора сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон — Раҳимзода Шамсиддин зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, гарчанде шикори кабк манъ карда шудааст, мутаассифона баъзе сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят боз худсарона кабкҳоро шикор мекунанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки шикори ғайрирасмии кабк аз ҷониби сокинон боиси кам шудани кабкҳо дар куҳу пуштаҳои вилояти Хатлон гаштааст.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки бештар шикори кабк дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий