Яке аз дастовардҳои асосии донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

(ДДМИТ) табдил додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода.

Ба гуфтаи ректор, имсол 40 ҳазору 300 нафар довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин донишгоҳро интихоб намудаанд, ки рейтинги он дар байни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар ҷои шашум қарор дорад. Донишгоҳ барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълим ва корҳои илмиву тадқиқотӣ заминаи мустаҳкам дорад. Айни ҳол дар донишгоҳ 14 нафар докторони илм ва 106 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд. Имсол донишгоҳро 58 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм карданд, ки барои донишгоҳ намунаи бесобиқа аст.

 

Бино ба иттилои манбаъ, «донишгоҳ бо ин ҳама дастовардҳо талош дорад, ки дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ мақоми хосса дошта бошад. Барои шомил шудан ба рейтинги байналмилалӣ донишгоҳ тамоми имкониятҳоро дорад. Раёсати донишгоҳ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ташкили таҳсили дудиплома ва фосилавӣ саъю кӯшиш менамояд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра ҳамкориро дар самти омода намудани кадрҳо ва мубодилаи таҷриба хуб ба роҳ мондааст».

 

Бояд гуфт, ки ДДМИТ на танҳо бозори меҳнати дохилӣ, балки дигар давлатҳоро низ бо кадрҳои соҳаи молия ва иқтисод таъмин мекунад. Айни замон дар донишгоҳ 6 лоиҳаи грантӣ татбиқ гашта истодаанд. Танҳо соли 2018-ум 38 нафар устодони донишгоҳ дар доираи барномаҳои донишгоҳӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

 

Дар маҷмуъ, имрӯз дар донишгоҳ 30 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар зинаи бакалавр таҳсил доранд. Донишгоҳ дорои 6 факултет буда, аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here