Ҳафтаи гузашта полиси Эссекси Британияи Кабир аз дарёфт шудани 39 ҷасад аз бордони автомобили боркаш дар ҳудуди шаҳри Грейс хабар дод.

Гуфта мешавад 39 муҳоҷири чиниро ронанда дар дохили яхдон, ки ҳарорати он ҷо аз 25 дараҷа ҳам поён буд,  маҳкам кардаст ва онҳо бар асари сармозанӣ ҷон доданд. Ба гузориши шабакаи телевизионӣ, миёни ҳалокшудагон як ноболиғ низ  будааст.

Фам Тхи Ча Ми ва Нгуен Дин Лиёнг шояд дар ин мошин буданд

Яке аз қурбониён сокини 26-солаи Ветнам Тхи Тра Мая мбошад, ки эҳтимол чанд лаҳза қабл аз ҷон доданаш, ба пайвандони худ паёмак фиристодаст. Дар номаи вопасини худ ӯ ба волидонаш менависад, ки бисёр дӯсташон дорад ва пузиш мепурсад, ки ҳиҷрати ӯ ба анҷом мерасад,чун нафасгир шудаасту мемурад.

Феълан ронандаи 25-солаи мошини боркаш Мо Робинсон боздошт шудаст, ки ӯ шаҳрванди Ирландияи Шимолӣ аст. Дар робита ба ин қазияи пулиси Бритониё аз боздошти ду нафари дигар низ хабар дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here