Дар соли таҳсили гузашта 35 донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шудаанд, ки аз онҳо 29 нафар донишҷӯёни шӯъбаҳои  ғоибона ва  6 нафари дигарашро донишҷӯёни бахши рӯзона ташкил медиҳанд.

Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Назарзода Хайрулло  ин нуктаро имрӯз дар нишасти матбуотиаш зикр карда гуфт, омили хориҷ шудани донишҷӯён насупоридани харҷи таҳсил, ноком шудан дар имтиҳонҳо ва давомоти сусти онҳо аст.

Ректор иттилоъ дод, ки барои донишҷуёни ятиму нимятим тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, бо хобгоҳ таъмин ва ба онҳо ёрии модиву молӣ расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкадаи мазкур айни замон 2 ҳазору 268 донишҷӯ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here