Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то шоми 17-уми август дар кишвар 8099 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд. Дар як шабонарӯз 34 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ошкор гардидаааст.

Гуфта мешавад, шумораи онҳое, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, дар муддати аз 30-юми апрел то 17-уми август ба 8099 нафар расидааст ва 64 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз шумораи умумӣ 6897 нафар, ё 85,1 дарсади гирифторон, шифо ёфтааанд.

Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбар зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.

То ин дам дар дунё 21,8 миллион кас аз вируси COVID-19 сироят ёфтаанд ва 772 000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here