Ба гузориши гурӯҳи байналмилали хабаргузории Форс, дар пайи инфиҷори ду мошини бомбагузоришуда дар шаҳри Бинғозӣ дар Либия, ҳадди ақал 33 нафар кушта ва 71 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтерс аввалин инфиҷор муқобили масҷиди Ризвон дар маркази Бинғозӣ ҳангоми бозгашти намозгузорон аз намози шом рух додааст. Ҳудуди 15 дақиқа баъд ва замоне, ки мақомоти амниятӣ ва ёрии таъҷилӣ ба маҳалли ҳодиса омада буданд, инфиҷори қудратманди дигаре рух дода, бо нобуд кардани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мададрасон, талафотро бештар кардааст.

Мақомоти Либия мегӯянд дар байни ҳалокшудагон ҳам ғайринизомӣ ва ҳам мақомоти низомию амниятӣ дида мешаванд.

Ба гузориши шабакаи «Ал-Арабия» аммо муҳиммтарин қурбонии ин таркишҳои террористӣ, генерал Маҳдӣ Фалоҳ, раиси идораи мубориза бо ҷосусӣ дар Созмони иттилоот ин кишвар будааст.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here