Дар пайи шикояти ронадагони воситаҳои нақлиёт дар вилояти Хатлон аз бардурӯғ нишон додани суръатсанҷ (радар)-и кормандони БДА дар соли 2017-ум 29 адад суръатсанҷ бо сабаби иллат доштан аз истифода гирифта шуданд.
Бино ба иттилои сардори шӯъбаи назорати давлатии воситаҳои ченаки Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуғғафор, дар соли 2017 дар ин вилоят зиёда аз 55 суръатсанҷ, ба истилоҳ радар, аз санҷиши сифат гузаронида шуда, ба масъулини шуъбаи БДА-и вилоят барои истифода накардан 29 суръатсанҷ бо сабаби иллат доштан, амрномаи манъ дода шуд.
Гуфта мешавад, ки аз санҷиш гузаронидани суръатсанҷ дар виляти Хатлон соле як маротиба сурат мегирад.