Аз ҷониби президенти кишвар ба табибон ва беморони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 233 воситаи нақлиёт маводи хӯрокворӣ, доруворӣ ва ба сокинони  осебдида аз  сели  ноҳияи Хуросон маводҳои сохтмонӣ туҳфа карда шуд.

Ин туҳфаҳоро дар маркази маъмурии вилояти Хатлон  шаҳри Бохтар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қабул намуда,  изҳори миннатдории худро ба президент аз номи кулли мардуми Хатлон ва табибон баён кард.

— Маблағи умумии  маводи хӯрокворӣ ва доруворие, ки аз ҷониби роҳбари давлат ба вилояти Хатлон расид, беш аз шаш миллион сомониро ташкил медиҳад, — арз кард раиси вилоят.

Раиси вилоят ба кулли табибоне, ки моҳҳо ба назди оилаи худ нарафта, баҳри табобати сокинон аз бемории сироятии каронавирус талош доранд, изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мардуми мо аз ин ҳам рӯзҳои сахтро паси сар кардаанд.

Ба иттилои ӯ барои сокинони  ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Айнии ноҳияи Хуросон, ки бар асари сели 14-майи соли равон манзилҳои зисташон хароб гашта буданд, маводи сохтмонӣ, аз қабили шифер 3 ҳазору 700 дона, тахта 750 метри кубӣ, арматура 78 тонна,  семент 180 тонна туҳфа карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here