Дастаҳои иштирокчии Ҷоми ҷаҳон-2018 афзун шуданд ва маълум шуд, ки Мессӣ ва Роналду тобистони соли оянда ба Русия меоянд. Аз 32 дастае, ки бояд тобистони соли оянда дар майдонҳои сабзи Русия барои ҷоми ҷаҳонии футбол мубориза баранд, 23 дастаи иштирокчӣ маълум шуданд.

Дастаи аввалине, ки аз даври квалификатсионӣ бо муваффақият гузашт, Бразилия мебошад. Аз пайи Бразилия ба ин дастовард дастаи миллии футболи Эрон ноил шуд.

Дар рӯзи охирини тобистон футболбозони ҷопонӣ барои худу миллаташон тӯҳфаи арзанда пешкаш карданд ва сеюмин даста дар ҷаҳон шуданд, ки ба ҶҶ-2018 мустақим роҳхат мегирад. Мексика, ки аллакай имсол дар Русия буд ва дар Ҷоми конфедератсияҳо ҷойи чорумро гирифт, тобистони оянда ҳам ба ин кишвар меояд. Дастаи аввалини аврупоӣ, ки чунин бахт насибаш гардидааст, Белгия мебошад. Ҷумҳурии Корея дастаи шашумест, ки ба финали ҶҶ-2018 роҳхат гирифт. Дастаи ҳафтуме, ки рост ба Русия роҳхат гирифт ин Арабистони Саудӣ аст. Зимнан, дастаи аввалине, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳхат гирифтааст, дастаи мунтахаби футболи Русия аст.

Дастаи мунтахаби Олмон бо Ирландияи Шимолӣ вохӯрду бо ғалаба пеш аз мӯҳлат ҳаққи ширкат дар даври финалии ҶҶ-2018-ро ба даст овард. Аз паси Олмон Англия низ рӯ ба сӯйи Русия овард. Тобистон мухлисон ситораҳои зиёдеро аз Лигаи бартари англис хоҳанд дид. Дастаи №11 тими миллии Испания аст! Испания ҳарчанд Албанияро шикаст дод, аммо баъди мусовии Италия бо Македония ин ҳақро пурра ба даст овард. Лаҳистон низ, ҳарчанд бо машаққат ҳам бошад, тавонист ки ба ин марҳила расад. Левандовский бо 16 гол дар ин мавсим рекорд нишон дод. Сербҳо дар бозӣ бо Гурҷистон ба мусовӣ ҳам розӣ буданд, аммо гол ба кӣ зарар кардааст. Хуш омадед, ба Русия, бародарон аз Сербия! Исландия аввалин маротиба дар таърихи худ тавонист, ки ба финали чемпионати ҷаҳон барояд ва боз аз ҷойи якум ва гурӯҳе, ки талабгорони зиёд дошт. Фаронса низ ба Русия меравад. Роналду низ ҳамдастаҳояшро ба ҶҶ-2018 хоҳад овард, чун капитан ва шояд чун мураббӣ, кӣ медонад. Мессӣ ҳам аз Роналду кам омаданӣ нест. Ӯ дар бозӣ бо Эквадор хет-трик кард ва Аргентинаро дар қатори Уругваю Колумбия соҳиби роҳхат гардонд.

Коста-Рика ҳам ба финал роҳ ёфт. Мусовӣ бо Гондурас басанда буд, ки ин даста ба комёбӣ расад. Аз шикасти ИМА Панама бурд кард ва акнун ба Русия меравад.

Аввалин дастае, ки аз Африқо ба финалии ҶҶ-2018 роҳхат гирифт, Нигерия мебошад. Бо голи Ивобӣ нигериҳо бар Замбия ғалаба карданд. Миср, ки аз соли 1990 дар финали ҶҶ бозӣ накардааст, соли 2018 бахти худро хоҳад санҷид.

Перу, Швейсария, Италия, Дания, Хорватия, Ирландияи Шимолӣ, Шведсия, Ирландия, Австралия, Юнон, Гондурас, Зеландияи Нав дастаҳое ҳастанд, ки дар вохӯриҳои ҳамроҳшавӣ бояд мубориза баранд, то соҳиби роҳхат ба даври финалии ҶҶ-2018 шаванд.

Тунис, Сенегал, Конго, Марокко, Буркина Фасо, Кот-д’Ивуар, Кабо Верде дастаҳои африқоие ҳастанд, ки баъди 6-уми ноябр тақдирашон ҳал мешавад. Нисфе аз ин дастаҳо рост ба Русия рохҳат хоҳанд гирифт. 

Манучеҳр Ниёзов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here