Дар ҳафт моҳи соли равон аз бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон 22 тоннаву 217 кг маводҳои пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта, аз ҷумла 4 ҳазор дона тухм, 1 ҳазору 255 кг гӯшт ва 158 кг ҳасиб, ки арзиши онҳо 251 ҳазор сомониро ташкил медод, аз муомилот гирифта шуданд.

Директори Маркази назорати давлатӣ, санитариву эпидимиологии вилояти Хатлон Файзалӣ Бобоҷонов хабар дод, ки дар ҳафт моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят 7 ҳазору 906 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 2210 нафар соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 230 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Манбаъ гуфт, фаъолияти 522 иншоот бо сабабҳои ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитариву гигиенӣ мувақатан боз дошта шуда, 170 маводи дигар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд.

“Кормандони Маркази назорати давлатӣ, санитариву эпидимиологии вилояти Хатлон корро дар ин самт ҷоннок намуда, соҳибкороне, ки маводҳои қалбакиву пастсифатро ба фурӯш мебароранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима ҳоҳанд кард”, — гуфт Файзалӣ Бобоҷонов.                                           

Раҳмоналӣ  Додархӯҷа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here