Хатари лағжиши трама ва резиши санг дар роҳҳои ҷумҳурӣ боис шудааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагону мусофирон аз сафар накардан дар ин роҳҳо ҳушдор диҳад.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба барфу борони пай дар пайи рӯзҳои охир вазъи роҳҳо хатарнок ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ дучор шудааст.

«Хатари лағжиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Мутаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд», — иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки 20-уми январ дар мамлакат ҳаво сербориш шуда, борону барфи омехта метавонанд ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилтар созанд.

 «Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, махсусан дар чунин рӯзҳо, риоя кунанд ва ҷони худу ҳамроҳонашонро дар хатар нагузоранд. Ронандагонро зарур аст, ки дар минтақаҳои тармафаро то 500 метр фосиларо риоя кунанд», — гуфта мешавад дар ҳушдори КҲФ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here