Дастикам 9 нафар дар тазоҳуроти шаби гузашта дар музофоти Исфаҳони Эрон кушта шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории Интерфакс дар такя ба иттилои телевизиони давлатии ҶИЭ хабар дод. Шаш нафар дар пайи дуздидани аслиҳа аз шуъбаи полис дар шаҳри Қаҳдариҷон, ду ҷавон дар Хумоюншаҳр ва як нафари дигар, ки корманди горди инқилобӣ гуфта мешавад, дар Наҷафобод кушта шудаанд.

Шумораи умумии кушташудагон аз 28-уми декабр, аз замони шурӯи тазоҳурот дар Эрон, ба 20 нафар расидааст. Тазоҳуркунандагон бар зидди боло рафтани арзиши озуқа ва маводи аввалияи зурурӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Дар Теҳрон тазоҳургарон истеъфои роҳбари кишварро талаб доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here