Дастаҳои Украин, Белжик, Италия, Лаҳистон, Испания, Туркия, Фаронса, Англис, Чех, Суид, Финланд, Портуғол, Олмон, Нидерланд, Крувосӣ,  Русия, Утриш, Суис, Данмарк ва Уэллс ба даври финалии Евро-2020 роҳ ёфтанд.

20 даста мустақиман пас аз натиҷаи даври квалификатсионӣ ба чемпионати Аврупо роҳ меёбанд. Боз чор даста тавассути бозиҳои навбатии Лигаи миллатҳо дар Аврупо ба ин мусобиқа роҳхат мегиранд.

Дастаҳо аз рӯйи натиҷаи бозиҳо ва радабандиашон дар рейтинги UEFA ба сабадҳо ҷудо шуданд:

Сабади 1: Англис, Белжик, Италия, Украин, Фаронса, Олмон;

Сабади 2: Испания, Крувосӣ, Лаҳистон, Данмарк, Русия, Портуғол;

Сабади 3: Туркия, Нидерланд, Утриш, Чех, Суис, Суид;

Сабади 4: Финланд, Уэллс, 4 дастаи ғолиби плей-оффи Лигаи миллатҳо дар гуруҳҳои A, B, C, D.

Мизбони мусобиқа 12 кишвар мебошанд, ки шаҳрҳо ва варзишгоҳҳояшон дар Евро-2020 намояндагӣ мекунанд. Ҳар яке аз 6 гурӯҳи қисми ниҳоии Евро-2020 ду шаҳри мизбон доранд.

Варзишгоҳ ва шаҳрҳои Евро-2020:

Гурӯҳи A: Италия (Рум), Боку (Озарбойҷон);

Гурӯҳи B: Русия (Санкт-Петербург), Данмарк (Копенгаген);

Гурӯҳи С: Нидерланд (Амстердам), Румонӣ (Бухарест);

Гурӯҳи D: Англис (Лондон), Скотланд (Глазго);

Гурӯҳи Е: Испания (Билбао), Ирланд (Дублин);

Гурӯҳи F: Олмон (Мюнхен), Маҷористон (Будапешт).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here