Суди ноҳияи Ҷайҳуни (собиқ Қумсангир) вилояти Хатлон латукӯбкунандаи судяи ноҳияи Панҷ Сайидаҳмад Зайдуллозодаро барои ду соли оянда аз озодӣ маҳрум кард.

Судяи суди ноҳияи Ҷайҳун Ҳайдарзода Зокир Анвар имрӯз, 30-юми январ, дар суҳбат бо faraj.tj гуфт мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини ноҳияи Панҷ Додов Шарофиддин Аловиддиновичро бо моддаи 356, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ баррасӣ ва гунаҳгорро ба ду соли зиндон дар колоннаи низомаш умумӣ ҳукм кардааст.

— Намояндаи прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун Амиршозода Амир аз суд ба айбдоршаванда 3,5 соли зиндон талаб кард. Ҷиноят дараҷаи миёна буд. Дар мурофиаи судӣ ҷиҳатҳои сабуккунанда — доштани фарзандони ноболиғ, ҷавон будан, бори аввал содир кардани ҷиноят ба назар гирифта шуда, ба айбдоршаванда Додов Шарофиддин 2 сол ҳукми ниҳоӣ таъйин карда шуд. Бо сабаби дараҷаи миёна доштани ҷиноят мурофиаро тариқи соддакардашуда гузаронидем. Дар ин сурат ҳоҷат ба даъвати шоҳидон ва гузаронидани пурсиши онҳо вуҷуд надорад ва судя ҳам ҳақ надорад аз чор як ҳисса боло ҷазо таъйин кунад, — гуфт Ҳайдарзода. 

Моддаи 356, ки «Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ» унвон мешавад, дар қисми 2-и он барои истифода намудани зӯроварӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо муқаррар гардидааст.

Судяи ноҳияи Панҷ Зайдуллозода Сайидаҳмад, ки соли гузашта, 16-уми ноябр ин ҳолат бо ӯ рух дод, як рӯз пас аз вуқӯи ҳодиса дар сӯҳбат бо faraj.tj гуфта буд, ин воқеа дар утоқи кориаш иттифоқ афтодааст ва сабабаш норозӣ будани шаҳрванд аз ҳалномаи судӣ будааст.

Ба гуфтаи Зайдуллозода, ӯ парвандаи оилавиро барои маскун намудани зан ва фарзандон баррасӣ карда, ҳалнома баровардааст. Шавҳари зан Додов Шарофиддин рӯзи 16-уми ноябр барои гирифтани ҳалнома ба наздаш омадааст. Номбурда бо изҳори норозигӣ, дар пайи ҳамлаи лафзӣ аз гиребони судя дошта, як мушт ба қафаси сина ва мушти дигар ба пешониаш задааст.

Ин дар ҳолест, ки тобистони гузашта раиси суди ноҳияи Панҷ Раҳимзода Давлатманд низ аз ҷониби сокини ҳамин ноҳия Диловар Олимов бо табар мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Он замон судя Раҳимзода барои ду фарзанди Олимов аз зани дуюмаш дар умум 250 сомонӣ пардохти алимент ҳалнома бароварда буд. Судя, ки дар ин ҳамла ҷароҳати вазнин набардошта буд, пас аз 12 рӯз ба кор баргашт, вале ахиран 21-уми ноябри  соли гузашта ҳамлагар аз ҷониби суди вилояти Хатлон ба 15 соли зиндон маҳкум карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here