Пас аз қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди азнавбақайдгирии симкортҳо то ҳол 1 миллиону 883 ҳазору 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарӣ зикр намуд. 

«То 11-уми июл 1 миллиону 883 ҳазору 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. Мо наметавонем беш аз як миллион нафар гӯем, чун як нафар метавонад 2 ё 3 симкорт дошта бошад”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Илҳом Атоев, дар маҷмӯъ ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд.

То муҳлати муайяншуда ҳамагӣ 1 моҳи дигар боқӣ мондааст ва бино ба маълумоти ширкатҳои мобилӣ, беш аз 3 миллион симкорт бо шиносномаҳои пешина фурӯхта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мувофиқи он барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here