Прокуротураи генералии Қирғизистон зидди ду сокини маҳаллӣ бо ҷурми кӯшиши харидории овозҳо дар интихобот парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, гумонбарон дар шаҳри Ӯш аз як зан хостаанд, ки бар ивази 2 ҳазор сом ба ҷонибдорӣ аз Омурбек Бабанов овоз диҳад.

Омурбек Бабанов роҳбари ҷиноҳи порламентии ҳизби “Республика — Ота-Журт”-и Қирғизистон ва яке аз 13 довталаби курсии президентӣ дар интихоботи моҳи октябри ин кишвар аст.

Ба огаҳии Прокуратураи генералии Қирғизистон, парвандаи мазкур ба суди шаҳрии Ӯш ирсол шуда, қарор аст, баррасии он 3 октябр оғоз шавад. Ба гумонбарон аз 300 ҳазор сом ҷарима то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамчунин, дар робита ба як ҳолати дигари харидории раъйи интихобкунандагон дар шаҳри Бишкек парванда боз шуда, ба суди ноҳиявии пойтахти Қирғизистон ирсол гаштааст.

Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, як сокини Бишкек ба милитсия муроҷиат карда, гуфтааст, намояндагони ситоди интихоботии ҳизби “Онугуу-Прогресс”-и Қирғизистон аз ӯ хостаанд, ки бар ивази 2 ҳазор сом ба номзади мавриди назарашон овоз диҳад.

Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон 15 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд. Дар он 13 номзад рақобат мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here