Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров бо оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ дар гурӯҳи террористии ДИИШ ҳудуди 1899 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Умаров гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи Туркия ба Сурия ва Ироқ мерафтанд, ҳамчунин теъдоде низ аз тариқи Маскав, Бишкек, Дубай ва Боку ба ин кишварҳо сафар мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамакнун садҳо узви хонаводаи ин афрод дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳастанд.

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, мушкил ин аст, ки баъд аз марги террористҳои узви ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мутаваллид шудаанд, ҳамсарон ва фарзандони онҳо дар ин кишварҳо боқӣ монда ва тавассути созмонҳои террористӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Ӯ афзудааст, беш аз 80 тоҷикистонии сокини Сурия ва Ироқ бо талоши мақомоти Тоҷикистон ба ватан бозгаштаанд, аммо мақомот ҳанӯз иттилооти дақиқе дар мавриди теъдоди тоҷикҳои кушташуда дар Сурия ва Ироқ надоранд.

Ба гуфтаи Умаров, ҳамчунин беш аз 1700 узви ДИИШ дар Тоҷикистон бозҷӯӣ шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here