Дар ду моҳи соли 2018 аз тарафи кормандони БДА-и вилояти Хатлон ва шӯъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 175 ронандае, ки дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти худро идора мекарданд, дастгир шуданд.  

Сухангӯи БДА-и вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки дар ду моҳи соли равон 117 ронандае, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекарданд, аз тарафи кормандони БДА-и вилояти Хатлон дастгир шуданд.

Иттилоъ дода шуд, аз ин шумора 30 нафар аз тарафи судҳои шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуда, 45 нафари дигар ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ гардида ва 50 нафар ронандаи дигар аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати аз 3 то 5 сол маҳрум карда шуданд.

Ба ҷуз ин, 58 ронанда, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ паси чамбараки нақлиёт нишаста буданд, аз тарфи кормандони БДА-и вилоят дастгир шуда, 14 нафари онҳо ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Боқимонда ҳабси маъмурӣ ва аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардиданд.

Баъди тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ҷазо барои ронандагон сангинтар шуд ва ронандае, ки дар ҳолати мастӣ ё бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиётро идора мекунад, аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима, 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ва ё 15 шабонарӯз ба ҳабси маърмурӣ гирифта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here