Расонаҳои хабарӣ рӯзи чоршанбе аз кушта ва захмӣ шудан чандин нафар бар асари тирандозӣ дар шаҳри Парклэнд, воқеъ дар аёлати Флоридаи ИМА, хабар доданд.

Бархе манобеи хабарӣ шумори афроди захмиро ҳудуди 14 нафар эълом кардаанд. Бархе манобеъ низ мегӯянд, ки ҳадди ақал 17 нафар кушта шуда, аммо бархе дигар теъдоди кушташудаҳоро 7 нафар гуфтанд. Билохира шерифи ин музофот Брауард Скотт Израэл гуфт, ки 17 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ 12 нафар дар мактаб, 2 нафар дар канори мактаб, 1 нафар дар роҳи мактаб ва 2 каси дигар дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Полиси маҳаллӣ хабар дод, ки каси тирандозикарда боздошт шудааст. Соате баъд полиси Америка ҳувияти ин одамро мушаххас кард, ки Никелос Круз будааст ва вай донишомӯзи собиқи ҳамин мактаб будааст.

Президенти Америка Доналд Трамп зимни ҳамдардӣ бо қурбониён дар саҳифаи твиттери худ навишт, ки ҳеҷ донишомӯз, муаллим ва мактабе дар Америка набояд шоҳиди чунин саҳнаҳое бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here