Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар суҳбат ба шабакаи “Россия” гуфтааст, ки ҳамаи чораҳои маҳдудкунанда дар зиндагиву фаъолияти сокинонии шаҳр то 1-уми июли имсол бардошта мешаванд.
Ба қавли шаҳрдор реҷаи бардошта шудани ҳамаи маҳдудиятҳое, ки ин дам дар Маскав амал мекунад, то 8-уми июн муайян мешавад. Собянин таъкид кардааст, ки пас аз ду-се ҳафта, беморхонаҳои шаҳр ба реҷаи муқаррарӣ мегузаранд.
Ба иттилои ситоди фаврӣ то ҳол дар Маскав 195 017 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 102 714 шифо ёфтаву 2919 нафар фавтидаанд.