Гузинаҳои «Саломатӣ» аз Tcell ва BIMA Insurance — ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии шумо

Ширкати мухобиротии Tcell ва ширкати суғуртавӣ (бима)-и BIMA Insurance гузинаҳои (опсия) нави «Саломатӣ 5» ва «Саломатӣ 10»-ро пешниҳод мекунанд. Бо пайваст кардани гузинаи «Саломатӣ» аз Tcell, муштарӣ ба таври худкор соҳиби полиси бима (суғурта) аз ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ мегардад.

Арзиши опсияҳо 5 ё 10 сомонӣ дар як моҳ буда, ин маблағи пардохти ҳармоҳаи суғурта маҳсуб мешавад. Маблағи пардохтти бима дар ҳолати садама мутаносибан 500 ва 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Опсияҳо барои пайвастшавӣ дар ҳамаи таърифаҳои Tcell дастрасанд. Фармони пайвастсозии опсияи «Саломатӣ 5» – *588*5# ва барои «Саломатӣ 10» — *588*10#.

Қаблан Tcell ҷадвали таърифаҳои “Саломатӣ”-ро пешниҳод карда буд. Ин намуди бима дар Тоҷикистон беназир буда, барои нахустин бор ҷорӣ мешавад. Таърифаҳои Саломатӣ тартиби суғуртаи ҳодисаҳои нохуши эҳтимолиро содда ва осонтар мекунанд, вақти корбаронро сарфа менамоянд ва хароҷоти зиёдро барои бима талаб намекунад: ба арзиши таърифаи асосӣ бо муҳтавои корбурдӣ, муштарӣ вобаста ба таърифаи интихобшуда ҳамагӣ 5 ё 10 сомонӣ пардохт мекунад.

Бо таърифа ва опсияҳои «Саломатӣ» дар сомонаи расмии Tcell: https://www.tcell.tj/  шинос шудан мумкин аст.

Маълумот бештарро дар бораи бима (суғурта) аз сомонаи BIMA Insurance: http://bima.tj/ ва ё рақами 5511 дарёфт карда метавонед.

Таърифа ва опсияҳои муносибро барои худ интихоб намуда, солим бимонед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here