Аҳолӣ, ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар назди ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳр 132 миллион сомонӣ қарздоранд, ки ин масъулони шабакаҳои барқи шаҳрро нигарон кардааст.

Муовини директори ҶСК Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Абдулло Масамиев дар сӯҳбат ба «Фараж» гуфт, ки аз ин қарз 89 миилионаш аз аҳолӣ буда, 43 миллиони дигараш ба ташкилоту идораҳои буҷетиву ғайрибуҷети ва дигар корхонаҳо рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳақи истифодаи барқ Идораи обу корезии шаҳр шаш миллион сомонӣ, беморхонаи вилоятӣ дар минтақа 600 ҳазор сомонӣ, бозори Саховат 500 ҳазор сомонӣ, Идораи  беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб 270 ҳазор сомонӣ, ҳамин тавр, 1 ҳазору 500 ташкилоту идора ва корхонаи хурду бузурги саноатӣ ва дигар муштариён аз барқ 132 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

— Барои баргардонидани қарзи барқ мо ба суди иқтисодии муроҷиат кардем, -гуфт ӯ ва афзуд, ки дар 8 моҳи соли ҷори 1 ҳазору  26 санади ғайриқонунии истифодаи барқ аз ҷониби муштариён ошкор карда шудааст.

— Барқи ғайриқонунӣ истифодашуда дар шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби муштариён 2 миллиону 458 ҳазор киловат соатро ташкил медиҳад, ки  маблағи он 1 миилиону 252 ҳазор сомонӣ аст.  Аз ин маблағ 732 ҳазораш рӯёнида шудааст, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here