Имсол 13-уми октябр дар саросари Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор кардааст, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Иди Меҳргон дар боғҳои фарҳангиву фароғатии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо намоиши маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ташкил кунанд.

Тантанаҳои асосии идона бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Боғи Ирами пойтахт гузаронида мешавад. Дар ин рӯз дар ин макон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дастовардҳои кишоварзон ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин, баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here