Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум қарор кард, ки интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020, таъйин карда шавад.

Дар рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Н.Х.»; «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуллозода Ҷ.А.», «Дар бораи таъйини интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here