Давоми соли хониши гузашта 100 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз сафи донишҷӯён хориҷ шудаанд, ки аз он 85 нафарашон пурра хориҷ шуда, 15 нафари дигар хориҷ шудаву ба дигар донишгоҳҳо шомил гардидаанд.

Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин имрӯз, 21-уми июл, дар нишасти матбуотии донишгоҳ гуфт, ки яке аз сабабҳои хориҷ шудани донишҷӯён ба муҳоҷирати корӣ рафтану дигар барнагаштани онҳо мебошад.

Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки аксари донишҷӯёни хориҷшуда курси як будаанд.

— Аммо ман зидди хориҷ кардани донишҷӯёнам. Вақте ҳуҷҷатҳо барои хориҷ шудан ба ман мерасад, то ду-се маротиба онҳоро бармегардонам ва ба деканҳо мегӯям, ки илоҷе карда бо падару модари онҳо суҳбат кунед ва илоҷаш бошад, хориҷ нашаванд,- илова кард ректори донишгоҳ.

Дар идома ӯ бо нигаронӣ афзуд, ки “дар даврони авҷи бемории сироятии коронавирус чор нафар омӯзгорони мо фавтиданд”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here