Як шаҳрванди рустабори Тоҷикистон аз Русия барои мубориза бар зидди коронавирус дар кишвар ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ 100 ҳазор доллар додааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз, 29-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз шаҳрванди хайрхоҳи тоҷикистонӣ ном набурд, аммо чунин иқдоми шаҳрванди Тоҷикистонро намунаи олии башардӯстӣ унвон кард.

Вазир гуфт, аз ҷониби давлатҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки яке аз ин гуна кӯмакҳо аз ҷониби кишвари Куриёи Ҷанубӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар мебошад.

— Аз солимии мову шумо дар дунё қиматтар чизе нест. Агар касе дар ин давра барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ё ба ҳукумат барои пешгирии беморӣ кӯмак кардааст, аз инсондӯст будани ҳамон шахс гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз нафароне ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд нафаре кӯмак мепурсад ва онҳо бе нашри хабаре дар бораи хайрашон ба нафари эҳтиёҷманд ёрии беғаразонаи худро мерасонанд. Воқеан, ин боиси таҳсин аст. Дар ҳамин шароит нафароне ҳастанд, ки маблағҳои худро барои аз байн бурдани бемории мазкур ба ихтиёри давлат гузоштаанд. Аз ҷониби худ мо кафолат медиҳем, ки маблағҳо шаффоф истифода мегарданд ва маълумот манзури шумо карда мешавад, — бо итминон гуфт вазири молия Ф. Қаҳҳорзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here