Духтари 17-сола аз Шветсия ва фаъоли самти экологӣ Грета Тунберг барои ҳифзи кӯдакон аз коронавирус ба Ташкилоти ЮНИСЕФ, 100 ҳазор доллар хайрия пардохт кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои аврупоӣ.

Маблағҳо моҳи феврали соли равон аз Фонди Тунберг тавассути сандади ташкилоти ғайридавлатии Дания дода шудааст.

Ба гуфтаи Гретаи 17-сола, дунёгир шудани коронавирус “буҳронест, ба монанди бӯҳрони иқлимӣ дар робита ба ҳуқуқи кӯдакон”.

— Ман аз ҳама даъват мекунам, ки кори муҳими ЮНИСЕФ, дар масъалаи ҳуқуқи кӯдакон ва наҷоти саломатии онҳоро дастгирӣ кунанд, — гуфтааст Грета.

Грета Тунбери 17-сола, соли 2019 аз ҷониби маҷаллаи “Time”  ”Одами сол”-и ҷаҳон эътироф шуда буд. Ғайр аз он, ин духтари шведӣ ба рӯйхати 100 зани таъсиргузори ҷаҳон, ки аз соли 1920 ба ҳисоб гирифта мешавад, дохил шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here