Дар нимсолаи аввали соли равон 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ғайриқонунӣ буду бош мекарданд, ба маблағи беш аз 1 ҳазору 100 сомонӣ ҷарима шуданд.
Тавре сардори Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашов зимни нишасти матбуотиаш қайд намуд, шаҳрвандони хориҷие, ки ҷарима шудаанд, 2 нафарашон аз Молдова ва 8 нафари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будаанд.
Манбаъ хабар дод, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 31 ширкати дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолит доранд ва дар онҳо 635 нафар шаҳрвандони хориҷиву 4165 сокини вилоят кор карда истодаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here