Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ваҳдат баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, инчунин раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар шаҳри Ваҳдат гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи роҳбари шабакаҳои КАТС –и шаҳри Ваҳдат Холов Шокирҷон Шарифович омода гардидааст.

Татбиқи нақшаҳои тахассусӣ

Тавре зимни суҳбат Шокирҷон Шарифович иброз намуд, Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ваҳдат ба аҳолии ин шаҳр кӯмаки аввалияи тиббию санитарии саривақтӣ мерасонанд. Кормандони муассисаҳои шабакаи КАТС дар 9 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору  амру фармоишҳои раиси шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда, корҳои пешгирию табобатӣ ва як қатор корҳои ободонию таъмириро роҳандозӣ намудаанд. Чунончӣ, нақшаи такмили ихтисоси кормандон дар асоси нақшаи тақвимии давраҳои таҳсили баъдидипломӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, фармоишҳо, дастурамалҳои соҳаи тандурустӣ аз нав дида баромада, ба ҳолатҳои воқеъбуда мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамчунин, оиди баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиббии шаҳр ҷамъиятҳои соҳавӣ аз рӯи нақша машғулиятҳо гузаронида шуда истодааст. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи саломатии  аҳолӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008, таҳти №600 «Дар барои тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», фармоиши якҷояи Вазорати  молияи ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №№ 938 ва 135 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо, Низомнома доир ба тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ» аз рӯи нақша чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Таъмин бо мутахассисон

Ба иттилои Шокирҷон Холов, дар қаламрави шаҳру деҳоти шаҳри Ваҳдат барои хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ва профилактикӣ ба аҳолӣ Маркази саломатии шаҳрӣ (бо 450-600 қабул дар як баст) инчунин, филиали он (бо 300-400 қабул дар як баст), 30 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 79 бунгоҳҳои саломатӣ, ҷамъ 111 муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.

Дар 9 моҳи соли равон 12 нафар табиб, 53 нафар ҳамшира, 10 нафар фаррош ва 3 нафар кормандони гуногунихтисос, маҷмуан 78 нафар ба кор қабул карда шуд. Дар баробари ин, феълан дар шуъбаи дар шаҳри Ваҳдат будаи  МДМҶТКТО 25 нафар ҳамшираҳои тиб даври бозомӯзии шашмоҳаро  гузашта истодаанд.

Гарчанде дар самти тайёр намудани мутахассисон корҳои назаррасе анҷом дода шуда бошад ҳам, ин ҳанӯз қонеъкунанда нест, зеро талабот ба табибон, ва алалхусус, ба ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ш. Ваҳдат хеле зиёд мебошад.

Чи тавре аз нишондодҳо аён аст, тӯли 9 моҳи соли 2019 дар қиёс бо 9 моҳи соли гузашта теъдоди дар қабул будагон 0,9% кам гаштааст. Аз инҳо бо сабаби бемории калонсолон нисбат ба соли гузашта 1,9% зиёд гашта, бо сабаби бемории кӯдакони то сини 18 сола нисбат ба соли гузашта 0,9% кам гашта, дар хона муоинашудагон 0,7% кам гашта, патранажи профилактикӣ 0,7% зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳо хубанд, вале…

Қобили тазаккур аст, ки ҳисоботҳои ҳар як муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба фаъолият дар 9 моҳи соли 2019 таҳлил гардида, ҷузъиётҳои фишурда дар самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  зери назорати доимӣ қарор доранд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ таваллуд нисбати соли қаблӣ 208 нафар кам мебошад. Нишондиҳандаи таввалуд дар хонаҳо бошад, 5,6%-ро ташкил медиҳад ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 % камтар аст, ки ин аз кори хуби момодояҳо, ҳамшираҳои минтақавӣ, табибони оилавӣ ва дояпизишкон  дарак медиҳад.

Аз ин нишондиҳандаи оморӣ бармеояд, ки дар зинаи нахустини хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи бунгоҳҳои саломатӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва шаҳрӣ, сари вақт бақайдгирӣ, муоина аз ҷониби мутахасисон, гузаштан аз таҳлилҳои озмоишӣ ва татбиқи стандартҳои миллӣ оиди валодати физиологӣ ва давраи пас аз таваллуд таъмин гардида истодааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба ҳолати 9 моҳи соли 2019 дар қаламрави шаҳру деҳоти шаҳри Ваҳдат 4215 нафар бемор ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби умумии аҳолӣ 1,2 %-ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар ин давраӣ теъдоди варақаҳои корношоямии аз ҷониби табибон додашуда 137 адад кам ва рӯзҳои умумии аз кор озод кардашуда 93 рӯз кам гаштааст. Теъдоди маълумотномаҳои донишҷӯён бошад, 60 ва маълумотномаи маишӣ 2 адад коҳиш ёфтааст.

Аз рӯи нишондодҳо ва таҳлили фаъолияти корӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ хулоса кардан мумкин аст, ки кормандони муассисаҳои КАТС дар самти пешгирӣ ва назорати бемориҳо нисбат ба соли сипаригашта хубтар фаъолият намудаанд.

Тавре аз нишондодҳо бармеояд соли ҷорӣ нисбати соли гузашта фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ дар самти бақайдгирии саривақтии беморон, таҳлилу ташхисгузаронӣ, муолиҷаю солимгардонӣ, пешгирии беморон, гаштҳои хонагӣ ва хизматрасонӣ ба нафарони имтиёздошта хубтар ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи муоинаи ройгон

Аз ҷониби кормандони шабака мунтазам бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, масъалаҳои тозагии муҳити зист, ташаккули тарзи ҳаёти солим, профилактика ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, назорату ғизодиҳии кӯдакон ва таъмини иммунизатсиякунии бефосилаи онҳо, танзими оила ва монанди инҳо ба таври доимӣ баррасӣ мегарданд.

Тибқи реҷаи тартибдодашуда рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта дар марказҳои саломатии деҳот мутахассисони шабакаи КАТС вазъи саломатии аҳолии минтақаро ройгон муоина намуда, ҳамзамон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Тибқи реҷаи тартибдодашуда дар назди ҷамъомадагон масъулини соҳа баромад намуда, дар мавзуъҳои мухталифи соҳа, аз қабили «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ», «Ғизои зани ҳомиладор», «Моҳияти саривақтии эмгузарониҳои тақвимӣ», пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил, бемориҳои фишорбаландӣ, камхунӣ, диабети қанд, ВНМО/БПНМ, сил, бемориҳои дарунравӣ дар байни кӯдакон ва ғайра баромад намуданд. Дар ин рӯз фаъолияти тамоми муассисаҳои сохтори КАТС-и ш. Ваҳдат ба таври комил ба роҳ монда шуда, машварат, муоина, ташхис, баргузории сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ва ташхиси рентгенӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 163 нафар наврасон, 1 нафар маъюбони ҶБВ, 51 нафар бартарафкунандагони садамаи Чернобил, 12 нафар ҷанговарони башардӯст ва 1934 нафар калонсолон аз муоинаи табибони ҷарроҳ гузаронида, беморони дарёфтшуда ба табобатҳои консервативӣ ва ҷарроҳӣ фаро гирифта шуданд

Дар ин давра тамоюли зиёдшавии теъдоди бисёри бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, дарунравии шадид, гепатити А, В, С, сӯхтанӣ, сурхча ва гиҷҷавӣ, аскаридоз, геминолепидоз мушоҳида мегарданд. Бинобар ин, гузаронидани сӯҳбатҳо дар минтақаҳо оиди пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва махсусан бемориҳои гиҷҷавӣ пурзӯр гардида, гаштҳои хонагӣ пурзӯр карда шуд. Ҳамчунин оиди пешгирии бемории диабети қанд дар байни табибон ва ҳамшираҳо 5 маротиба машварат гузаронида шуд. Тавассути радиои маҳаллӣ низ 5 маротиба оиди ин масъала баромади мутахассисон пахш гардид.

Қарори №600

Вобаста ба иҷроиши қарори №600 месазад қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба хазина 614 803 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2018 209604 сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи мазкур барои харидани доруворӣ, маводхои конселярӣ, молҳои хоҷагидорӣ ва таҷҳизотҳои тиббии зарурӣ масраф гардид.

Зикри ин нукта низ ҷоиз аст, ки ба ниёзмандон аз ҷониби шабакаи КАТС ба таври ройгон ба маблағи 5901 сомонӣ (доруворӣ), хун ва зардоби хун 5654 сомонӣ кӯмаки таъҷилии тиббӣ расонида шуд.

Корвони саломатӣ

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2019, таҳти №116, рӯзҳои 4 – 7 марти соли равон Корвони саломатӣ таҳти унвони «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» дар марказхои саломатии Тангаӣ, Наврӯз, Симиганҷ, Бостон, Баҳористон, Камонгарон, Бӯстон ва бунгоҳҳои саломатии Сӯфиён, Истиқлолият, Меҳробод, Зарнисор гузаронида шуд. Дар ин маърака 1436 нафар ба таври ройгон муоина карда шуданд.

Комиссияи ахлоқ

Дар шабакаи КАТС комиссияи ахлоқу одоби муошират бо муроҷиаткунандагон ташкил карда  шудааст, ки раисии комиссияро муовини менеҷер Бадриддинов А. бар уҳда дорад. Дарсҳои одоби муоширати кормандони тиб бо беморон ва аҳолӣ доимо гузаронида шуда, камбудиҳо байни кормандони тиб ва беморон дар дафтар қайд карда мешаванд.

Дар шабакаи КАТС протоколҳои клиникӣ пурра таъмин карда шуда, дар ин самт кор бурда мешавад.

Айни замон кормандони КАТС –и шаҳри Ваҳдат аз рӯи протоколҳои клиникӣ ва дастурҳои тасдиқшуда кор ва фаъолият мекунанд.

Идомаи бунёдкориҳо

Роҳбарият ва кормандони муассисаҳои зертобеи КАТС-и шаҳри Ваҳдат дар баробари фаъолияти касбӣ ба корҳои ободониву созандагӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баҳри шукуфоии як гӯшаи хоки диёр ҳадди имкон саҳми худро мегузоранд. Дар ин замина, мувофиқи тақвим дар арафаи рӯзҳои ҷашнӣ шиору овезаҳо дар биноҳои маъмурият, МСШ ва МСД-ҳо насб гардида, ҳамчунин, дар назди дармонгоҳ ва дар муасисаҳои КАТС дарахтони сояафкан, сабза, гулҳои рангоранг шинонда шуд.

Дар ҳамин ҳол, сохтмони БСД Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит, БСД Сӯфиён ва БСД Меҳргони ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, БСД Ҷангалобод-2 ҷамоати деҳоти Гулистон ба охир расида бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа корҳои сохтмонӣ дар БСД деҳаи Сорвои ҷамоати деҳоти Ромит пеш рафта истодааст. Ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони БСД Зартеппаи ҷамоати деҳоти Б. Бурунов бо ёрии башардӯстонаи созмони Ассалом ва БСД Қалъаи Малик дар ҷамоати деҳоти К. Исмоилов бо кӯмаки соҳибкорон ва аҳолӣ сохта бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин ва ба истифода дода шуд.

Инчунин, 24 адад бунгоҳҳои саломатии деҳот пурра таъмир гардида, онҳо аз тарафи ташкилоти Наҷоти кӯдакон бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шуданд. 27 бунгоҳи саломатии деҳот аз тарафи ташкилоти Наҷоти кӯдакон бо ҷузвдонҳои тиббии момодоягӣ, лампаҳои рӯимизӣ ва чойҷӯшонакҳои барқӣ таъмин карда шуданд.

Дар баробари ин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Ваҳдат барои ҷудо намудани замини холӣ баҳри бунёди бунгоҳҳои

замонавӣ дар деҳаҳои Лошхарф ва Сайёди ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Найдараи ҷамоати деҳоти К. Исмоилов, деҳаи Симиганҷи ҷамоати деҳоти Симиганҷ мактуб пешниҳод гардидааст.

Тавре роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Холов бо итминон иброз дошт, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди шаҳр новобаста ба ин дастовардҳо дар соҳа баъзе норасоиҳо, аз қабили ба пуррагӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои табибони оилавӣ бо асбобу лавозимоти тиббӣ, инчунин дастрас намудани табибони оилавӣ бо борхалтаҳои ихтисосии табибони оилавӣ, дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии шаҳр зиёд намудани воҳидҳои корӣ аз ҳисоби ҳамшираҳои шафқат низ мавҷуданд, ки ҷиҳати рафъи онҳо саъю талоши бештар мебояд. Баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созандаву бунёдкорона минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ бояд кард.

Ш. Холов бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии шаҳри Ваҳдат ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС – и шаҳри Ваҳдат низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷащду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ 

Добавить комментарий