ҶДММ “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе” яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ буда, чун беҳтарин ҳамкории бахши хусусӣ ва давлат дар соҳаи маориф ва тиб муаррифӣ мешавад. Муассисаи мазкур 25 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ дар самти таълиму тарбияи кадрҳои миёнаи тиббӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо дорои иҷозатномаи хадамоти аттестатсия, акредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, новобаста ба муҳлати ками фаъолият, аллакай аз рӯи сифат ва самараи тарбияи мутахассисони соҳаи тиб миёни коллеҷҳои дигар мавқеи хосаро ишғол кардааст.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони коллеҷ ба татбиқ намудани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда шуда, коллеҷро устоди соҳибтаҷриба, номзади илм Зарина Ибодзода роҳбарӣ менамояд.

 

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар “Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе” бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, истифодабарии услубҳои муосиру навтарини таълим, таҳия ва нашри маводу дастурҳо ва адабиётҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ шакли кафедравии таълим ворид карда шудааст. Дар коллеҷ дар айни замон 4 кафедра — Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, Кафедраи “Фанҳои клиникӣ ва кори ҳамширагӣ”, Кафедраи “Кимиёи фарматсевтӣ ва фармакология” ва Кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва стоматология” амал мекунад.

Дар доираи кафедраҳои мазкур аз рӯи 6 ихтисос муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Рӯйхати Ихтисосҳо:

Дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мӯхлати 4 сола:

  • «Кори момодоягӣ» бододани тахассуси «Момодоя»;

бо муҳлати таҳсили 3 — сола:

  • “Кори ҳамширагӣ” бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ”;
  • “Кори фарматсевтӣ” бо додани тахассуси “Фарматсевт”;
  • «Реабилитатсияи тиббӣ-иҷтимоӣ», бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид ба масҳ, варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия”;
  • “Кори ҳамширагӣ дар косметология” бо додани тахассуси “Ҳамшираи тибби ороишгар”
  • «Кори табобати дандон” бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон”

Бо таҳсилоти умумии асосӣ:

  • “Кори ҳамширагӣ” бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ”;
  • “Кори фарматсевтӣ” бо додани тахассуси “Фарматсевт”;

Теъдоди донишҷӯён сол то сол дар Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе афзуда истодааст, ки ин аз мароқ зоҳир кардани довталабон гувоҳӣ медиҳад. Шумораи муҳассилини коллеҷ айни замон 1226 нафарро ташкил медиҳад, ки 404 нафарашон писар ва 822 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи нақша дар соли таҳсили 2019 -2020 бояд 400 нафар донишҷӯён қабул карда шаванд.

 

Сатҳи баланди кадрӣ

Дар замони муосир кадрҳои баландихтисос ва дорои таҷрибаи бой барои пешрафти муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро мебозанд. Аз боздид аз коллеҷи мазкур ва сӯҳбат бо директори он дарёфтем, ки муассиса воқеан бо кадрҳои баландихтисос ва унвондор таъмин аст. Айни ҳол, дар коллеҷ 75 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 41 нафар омӯзгори асосӣ ва 2 нафар омӯзгори соатбайъ, 32 нафар ҳамкор фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 1 нафар доктори илмҳои тиб, профессор, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои фалсафа, 1 нафар номзади илмҳои иқтисод, 1 нафар номзади илмҳои кимиё, 8 нафар аспирант, 4 нафар унвонҷӯй, 3 нафар муҳассилини доктор PhD мебошанд. Миёни устодон инчунин дорандагони ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, ордени Нишони фахрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Вазорати корҳои дохила, Медали Шафқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра ба назар мерасанд, ки дар муқоиса бо коллеҷҳои дигар ин омор хеле баланд аст.

 

Базаи моддию техникӣ

Масоҳати умумии «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» 2938 метри мураббаъ буда, дар маҷмӯъ дар ҳамаи биноҳои таълимӣ 38 ҳуҷраи таълимӣ ва маъмурӣ, толори варзишӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷойгир мебошанд.

Дар коллеҷ 2 бинои таълимӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ-амалии кори табобати дандон, кори ҳамширагии ороишгарӣ ва кимиё, зиёда аз 32 синфхонаҳои  таълимӣ, 1 толори лексионӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 1 толори варзишӣ, китобхона бо қироатхона мавҷуд мебошад. Коллеҷ зиёда аз 40 компютери ба шабакаи интернет пайваст дошта, 7 проектор, 10 принтер, 2 тахтаи электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ (факс, экран (трипод) дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.

Мо бо роҳбаладии бевоситаи директори муассиса Ибодзода Зарина аз кабинетҳо ва озмошигоҳҳои гуногун, аз ҷумла кабинети стомотологии бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидашуда, кабинети косметологӣ, кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва кабинети дорусозӣ дидан намуда, боварӣ ҳосил намудем, ки коллеҷ фаъолияти худро бо қадамҳои устувор ба роҳ мондааст ва дар оянда метавонад ба як маркази бузурги таълимӣ табдил ёбад.

 

Китобхона

Китобхона дар ҳаёти муассисаҳои таълимӣ ҳамеша нақши калидиро мебозад ва он дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониш арзиши беандоза дорад. Тамошои мо нишон дод, ки китобхонаи коллеҷ аз китобҳои тахассусӣ, бадеӣ ва сиёсӣ бой буда, фонди умумии китобхона 11045 ададро ташкил медиҳад.

Айни замон китобхонаи коллеҷ бо мизу курсиҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, қироатхона барои 60 ҷойи нишаст муқаррар карда шудааст. Муассиса инчунин дорои китобхонаи электронӣ мебошад, ки фонди умумиаш 13 ҳазор китобро ташкил медиҳад.

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Тибқи нақша-чорабиниҳо ва фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола олимпиадаи фаннӣ байни коллеҷҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз, даври якуми олимпиадаи донишҷӯён дар коллеҷ муташаккилона гузаронида шуд. Дар даври якуми олимпиада 521 нафар донишҷӯён иштирок намуданд, аз ин шумора 228 нафарашон ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Даври хотимавӣ дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ- иҷтимоӣ дар он иштирок намуданд.

Донишҷӯёни коллеҷ инчунин дар як қатор фестивалҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла фестивали “Чакомаи гесу” ва фестивали “Намоиши либосҳои миллӣ”бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, фестивали “Моҳпайкари наврӯзӣ” ва чорабинии фарҳангиву маърифатии “Либос — ҷузъи фарҳанги миллӣ”иштирок намуда, обрӯву нуфузи муассисаро миёни коллеҷҳои дигар баланд бардоштанд.

Соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Сино озмуни барандаи беҳтарин баргузор гардид, ки донишҷӯи коллеҷ Валиева Гулдаста ҷои аввалро сазовор гашт. Инчунин дар байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ VII -умин Олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид, дар он донишҷӯёни курси аввали Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ш.Душанбе фаъолона иштирок намуданд ва Ҳусензода Мухбира, донишҷӯи курси 1-уми шӯъбаи кори момодоягӣ аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.

 

Мусобиқаҳои варзишӣ

Дар «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва донишҷӯёни таълимгоҳ дар мусобиқаҳои зиёде ширкат варзида,ҷойҳои фахриро ба даст овардаанд. Иштирок дар спартакиадаи X –уми донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, ҷойи дуюм дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Тирпаронӣ”, ҷойи дуюм дар мусобиқаи “Волейбол” байни донишҷӯдухтарони коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мисол овардан мумкин аст, ки чун дастовардҳои беҳтарин ба қайд гирифта шудаанд.

 

Дарсҳои таҷрибавӣ

Бартарияти дигари муассиса дар он аст, ки дар 21 муассисаҳои давлатии табобатии шаҳри Душанбе синфхонаҳо барои доир гардидани  машғулиятҳои таълимӣ ва таълимӣ-амалӣ ташкил карда шудааст ва донишҷӯён дарсҳои таҷрибавии худро дар онҳо мегузаронанд.

Донишҷӯён дар давоми таҳсил таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ -истеҳсолӣ ва қабл аз дипломиро мегузаранд. Роҳбарони гурӯҳҳо аз ҳисоби мутахассисон ба кор қабул карда шудаанд, ки вобаста ба мавзуъ дар утоқи бемор таҳлил мегузаронанд. Дар коллеҷ инчунин Озмоишгоҳи стоматология, косметология ва кимиёи замонавӣ таъсис дода шудааст, ки донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиро дар он мегузаранд.

 

Дастовардҳо

Танҳо дар як соли охир 2 нафар устоди коллеҷ рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд, 2 нафар донишҷӯ дар озмуни идрорпулии Раиси шаҳр иштирок намуда, ҷойҳои 2 ва 3-юмро сазовор гаштанд. Аз ҷониби кормандони коллеҷ як қатор китобҳо (Атласи анатомия ва физиологияи одам, анатомияи одам, бемориҳои чашм, кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия, ёрии таъҷилӣ дар ҷарроҳия) ба чоп расонида шудааст.

 

Дурнамо

Муассиса то ирӯз хобгоҳ надошт ва дар нақша аст, ки дар соли таҳсили нав барои на камтар аз 100 нафар хобгоҳ ҷудо карда шавад. Аз суҳбат бо маъмурият маълум шуд, ки аллакай дар ин самт корҳо идома доранд.

 

Озмунҳо ва маҳфилҳои фаннӣ

Кормандон ва омӯзгорони коллеҷ чун анъана ҳамасола машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳо, озмунҳо мегузаронанд, ки озмунҳои “Ҳамшираи беҳтарин”; “Фарматсевти беҳтарин”; “Ёвари стоматологи беҳтарин”; “Химики беҳтарин” аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар назди ҳамаи кафедраҳои коллеҷ маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, дар кафедраи “Гуманитарӣ” маҳфили «Забони ман -ҷаҳони ман», “Великий русский язык”, дар кафедраи «Фанҳои морфологӣ ва стоматология» маҳфили «Анатомия», фаъолият менамоянд, ки амали онҳо назаррас мебошад ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин кӯмак мерасонад.

Дар «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» дар баробари таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои асосӣ ба такмил ва баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ ва англисӣ низ диққати махсус дода шуда, бо тартиби нақша- чорабиниҳо ҳар моҳ дар гурӯҳҳо санҷиш гузаронида мешаванд. Инчунин ҳамаи синфхонаҳо бо маводҳои таълимию тарбиявӣ бо забони англисӣ ва русӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар рӯзҳои ҳафтаи фаннӣ конфронси фаннӣ (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявии донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”, “Имлои нави забони давлатӣ”, озмуни “Шеърдонӣ ва шеърхонӣ”, викторинаҳо гузаронида мешаванд.

 

Дастаи ҳаваскорони санъат

Коллеҷ дастаи ҳаваскорони санъати худро дорад, ки дар ҳамаи чорабиниҳои коллеҷ ва берун аз он фаъолона иштирок меварзанд. Соли 2018 онҳо дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”, дар боғи Дӯстии халқҳо, боғи Парчам, майдони 800 солагии Москва ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37, чорабиниҳои Ҳукумат ва ноҳияи Сино иштирок карда, ҳунарнамоӣ намуданд.

 

Дараҷаи таъминот бо ҷои кор

Донишҷӯёни «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» мувофиқи ихтисосашон метавонанд, дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва берун аз он, инчунин дар марказҳои кори ҳамширагӣ, саломатӣ, тибби оилавӣ, ҳамчун омӯзгор дар коллеҷҳои тиббӣ, инчунин дар ташкилотҳои байналхалқӣ, фаъолият намоянд.

60 фоизи хатмкунандагони Коллеҷи тиббӣ дар соли 2018 бо ҷои кор таъмин шуда, 14 нафар таҳсилро дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Донишгоҳи Белорусия идома дода истодаанд.

Соли 2018 197 нафар донишҷӯён коллеҷро хатм намуданд, ки аз онҳо 11 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд.

 

Таманно ба довталабон

Аз боздид аз «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» ва тамошои синфхонаҳои бо аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонидашуда, кабинетҳои муосиру озмоишгоҳҳо ба хулосае омадем, ки барои таҳсил ва фароғати муҳассилин беҳтарин шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Агарчӣ аз фаъолияти коллеҷ ҳамагӣ 5 сол гузаштааст, дар ин муҳлати кӯтоҳ муассиса аллакай ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст. Бахусус сатҳи баланди устодони унвондор аз он шаҳодат медиҳад, ки пайроҳаи интихобкардаи роҳбарияти коллеҷ аллакай ба шоҳроҳ наздик шудааст ва кафолати пурраи тарбияи кадрҳои баландихтисос ба муҳассилин дода мешавад.

Дар суҳбат бо мо инро маъмурияти муассиса тасдиқ карда, иброз доштанд, ки “ба довталабоне, ки нияти таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе”- ро доранд, гуфтаниям, ки дар ҳама вазъият ҳаргиз ноумед набояд шуд ва барои ба мақсад расидан ҳамеша талош бояд кард. Ҳеҷ роҳе бе шебу фароз ва мушкилие нест, бинобар ин, аз мушкилӣ наҳаросида, бояд ҳар шахс дар пеши худ мақсад гузорад ва барои амалӣ шудани он талош варзад, то аз  ӯ мутахассиси хуб барояд. Бигзор донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанберо дар ҷодаҳои шахсони баруманд бибинему ҳамеша ифтихор аз онҳо кунем”.

ҶДММ «Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе» дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум, 12 А ва кӯчаи Б.Ҳамдамов  2/2 воқеъ мебошад.

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here