Мусоҳибаи ихтисосӣ  бо Сафаров Маҳмадмурод- сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент.

Cоҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид?

Дар 28 соли Истиқлолият соҳаи тандурустӣ низ дар радифи соҳаҳои дигар ба пешравиҳо ноил гаштааст.

Дар шаҳри Панҷакент то соли 1996, ҳамагиӣ 120 адад муассисаҳои тиббӣ  профилактикӣ мавҷуд буда, дар онҳо 224 нафар табибон ва 644 нафар коркунони миёнаи тиб фаъолият мекарданд.

Дар айни замон  дар шаҳри Панҷакент 136 муассисаҳои тиббӣ- профилактикӣ  фаъолият  мебарад, ва дар ин  муассисаҳо, 2568 нафар кормандони соҳаи тиб аз он ҷумла: 1887 нафар занхоро ташкил мекунад. Ҳамагӣ 412 нафар табибон, аз он ҷумла 121 нафар занҳо ва 1506 нафар коркунони миёнаи тиббӣ, аз он чумла 1340 нафар занҳо кор карда истодааст.

Ҳамчунин, дар 28 соли истиқлолияти мамлакат, дар асоси дастгирӣ ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Маркази дилшиносии байниноҳиявӣ, шуъбаи нейроҷарроҳӣ, шуъбаи эндоҷарроҳӣ, эндокринологӣ, гастроэнторологӣ, шуъбаи чашму гулуву ва бинии беморхонаи бемориҳои кӯдакона, таъсис ва ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, дар соли 2019 таваллудхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо дастгирии Ҳукумати шаҳр ва кӯмаки молии барномаи ЮНИСЕФ, пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар ҳама ҳуҷраҳои таваллудхона, хати оби нӯшокӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, таваллудхона бо чанд адад дастгоҳҳои обгармкунӣ таъмин гардид.

Дараҷаҳои тахассусии табибон чи рақам аст?

Дар солҳои истиқлолият ба ҷоизаву унвонҳои корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 4 нафар, дорандаи медали «Шафқат»- 2 нафар, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 21 нафар, Номзади илми тиб- 1 нафар, Дорандагони  медали «Сино»- 7 нафар ва табибони дарҷаи олӣ- 185 нафар ноил гаштанд.

Дар деҳоти Панҷакент чӣ пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ ба амал омад?

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, 26 адад хонаҳои саломатӣ, 11 адад марказҳои саломатӣ, Беморхонаи минтақавии деҳаи Шинг, марказҳои зидди бемориҳои сил, руҳӣ ва наркологӣ сохта,  ба истифода дода шуда, 136 адад муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ ва давравӣ, бароварда шудаанд. Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Ғӯсар ва Моғиён бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд.

Дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2016 бо ташаббуси маъмурияти сохтори КАТС, сарварони марказҳои саломатии деҳот ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, сохтмони хонаҳои саломатии деҳаҳои Бахор, Шаршара, Авазалӣ ва Чинор ба итмом расонида шуда, сохтмони хонаҳои саломатии деҳаҳои Мармар, Ровадин, Марғузор  сохта, ба истифода дода шуд. Хонаҳои саломатии деҳоти Қиёклӣ, Новичомок аз биноҳои номутобиқ баъд  аз таҷдид ва таъмири асосӣ, биноҳои мачитонҳо кӯчонида шуданд. Дар соли 2018 -14 хонаҳои саломатӣ сохта, ба истифода дода шуда, биноҳои   Марказҳои саломатии деҳоти Шӯрнова, Чимкалъа, Ғӯсар, Хурмӣ, Суғдиён, Чорбоғ, Кабудсанг, Шӯрча, Саразм, Сӯҷина, Амондара, Шинг, Филмандар, Артуч, Моғиён, Ёрӣ, Миндона, Рукнобод, Кулолӣ, Вору ва  хонаҳои саломатии Дашти малла, Сӯфиён, Ҷангал, Қумоқ, Боғча, Падруд, Моғиён, Обиборик, Зебон аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар  5 моҳи соли 2019-3 хонаи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Таъминот бо таҷҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ чи гуна аст?

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Суғд,  баҳри мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент,  таҷҳизотҳои нави рентгенӣ: портативӣ ва статсионарӣ дар шуъбаи рентгенӣ, таҷҳизоти гемодиализ дар шуъбаи урологӣ, таҷҳизоти эндоҷарроҳӣ дар шӯъбаи эндоҷарроҳӣ, 4 адад автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ворид гардид. Генератори барқии 60 КВт дар беморхонаи марказии шаҳр ва дар таваллудгоҳи марказӣ, генератори барқии 32 КВт, таҷхизоти ИФА ва биоанализатор дар ташхисгоҳҳо, таҷҳизоти  нафаси сунъии Фаза-4 дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва эҳё, таҷҳизоти нафаси сунъии Ро-9 дар таваллудхона, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, 3 адад дефибилятор ва 1 адад кардиоманитор аз ҳисоби маблағҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2.12.2008 с. Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 4.01.2009 сол «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», 2 адад оксигениратор аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дода шуда,  1 адад дастгоҳи ултрасадо ва 1 адад каридиомонитор аз ҳисоби маблағҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2.12.2008с. Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 4.01.2009 с. «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба Муассисаи давлатии таваллудхонаи шаҳри харидорӣ карда шуд.

Дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оё ягон обектҳои ҷашнӣ, сохта мешаванд?

Дар  асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо  дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, бинои наву замонавии 4 қабата, бо назардоштӣ таҳхона, сохта мешавад, ки дар гузоштани санги асоси он раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд. Баъди ба истифодадиҳӣ, дар ин бино таҷҳизотҳои наву замонавӣ оварда шуда, ба хизмати халқ гузошта, хоҳад шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, санги аввал барои сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳоти Лоиқ Шералӣ, дар се қабат барои 100 кат, гузошта шуд.

Дар беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент, чи қадар кормандони тиб ба мардум хизмат мерасонанд?

14 шуъба дар беморхона фаъолият дорад, ки кормандони умумии беморхона, беш аз 400 нафар дар соҳаи тандурустӣ ба мардум шоиста, хизмат мерасонанд!

Чи камбудиҳо дар соҳаи тандурустии Панҷакент ҷой дорад?

Камбудиҳо дар соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент ин норасоии кадр,  хусусан, дар деҳот норасоии табибон дида мешавад ва таҷҳизоти наву замонавӣ, барои гузоштани ташхисҳо, аз қабили МРТ ва КТ дида мешавад.

Хуршед Фозилов

Тарҷумаи ҳол: Сафаров Маҳмадмурод, соли 1964 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1987 Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Синоро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз пойгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент оғоз кардааст. Аз соли 1989 то соли 2012 дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи шаҳри Панҷакент ҳамчун ҷарроҳ фаъолият намуда, солҳои 2012-2013 директори колеҷи тиббии шаҳри Панҷакент буд. Аз соли 2013 то ҳол сартабиби беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент мебошад. Аълочии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, вакили маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент, аъзои ҲХДТ, оиладор соҳиби 3 фарзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here