Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст.

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тиббӣ тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ беморхонаҳо аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Ёвон гузориши навбатии хабарнигори МТЖТ манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Леваканд, инчунин суҳбат бо сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Леваканд Аҳрор Изатуллоев ва сардори муассисаҳои КАТС-и шаҳри Леваканд Дилшод Ғафуров омода гардидааст.

Кормандони беморхонаҳои шаҳри Леваканд фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, паёмадҳои Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Раиси шаҳри Леваканд ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.

Тавре зимни суҳбат зикр гардид, танҳо дар соли 2018 ба беморхонаҳои шаҳри Леваканд 183 адад ҳуҷҷат ва дар 4 моҳи соли ҷорӣ бошад, 89 адад ҳуҷҷат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мақомотҳои қудратӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳо ворид шудаанд, ки қисме аз онҳо барои корбарӣ қабул шуда, боқимондаашон дар байни кормандони соҳа баррасӣ шуданд. Аз беморхона бошад, 131 мактуб дар соли 2018 ва дар чор моҳи соли 2019 бошад, ба 59 ҳуҷҷатҳои воридгардида, посухҳои саривақтӣ гардонда шудаанд.

Рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини тамоми шароит барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз мусоҳиба бо сартабиби ноҳия бармеояд, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд бо  шарикони рушд ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар, чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин доира аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Беморхонаи марказии шаҳри Леваканд дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти №20 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумакҳои тиббию санитарӣ барои ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” фаъолият худро пеш бурда истодааст. Дар ҳамин замина моҳи ноябри солои 2018 дар ҳамкорӣ бо JICA аз тарафи Ҷумҳурии Ҷопон ба шуъбаи таваллуд таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ёрирасон, ба монанди 2 адад дастгоҳи нигоҳубини кӯдакони навзод, 1 адад дастгоҳи фотолампа, 1 адад тарозуи электронии қад ва вазнченкунӣ, 4 адад тонометрҳои электронӣ, 4 адад стабилизатор ворид карда шуданд. Қобили зикр аст, ки кормандони шуъбаи таваллуди беморхона барои кор кардан бо ин таҷҳизот сари вақт омӯзонда шуданд.

Ҳамчунин, то имрӯз аз тарафи созмони USAID шуъбаҳои таваллуд ва кӯдакона бо 5 адад кондитсионер, 2 адад оксигенатор, 1 адад электроотсос, 1 адад яхдон барои нигоҳдории хун ва ҷузъҳои он, 2 адад курсӣ (каталка), 2 адад пулсометр, 2 адад кати тиббӣ бо рахти хоб, 1 адад каталка, 1 адад монитори назоратӣ барои ҳуҷра, 2 адад эмр -доплер, 1 адад глюкометр, 20 адад бикс, 2 адад инфузомат барои кӯдакон ва калонсолон, 1 адад вакууми барқӣ, 5 адад штатив барои чакрачаконӣ, 2 адад курсӣ барои хӯрок хӯрондан, 1 адад автоклав, 5 адад тарозуи барқӣ, 6 адад миз, 6 адад судна, 1 адад стрелизатори 7500 А, 4 адад миз барои печонидани кӯдакон, 1 адад фототембр барои кӯдакони гирифтори зардча, 1 адад ҷевони хушктамизкунанда, 1 адад стрелизатор 5000VA, 4 маҷмуъ барои чорабиниҳои таваллуд ин таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардиданд, ки мутахассисон бо усулҳои корбарӣ бо он омӯзонда шуданд ва ин таҷҳизот феълан дар шароити хуби корӣ қарор дошта, мавриди истифодаи беморон ва корафтодагон қарор доранд.

Чуноне ки дар маълумотномаи оморӣ омадааст, барои шуъбаи кӯдакона низ то имрӯз 2 адад кондитсионери оксиген, 200 адад трубкаҳои биниву меъдагӣ барои додани оксиген, 20 адад небулайзер, 2 адад пулсоксиметр, 2 адад халтачаи Амбу, 2 адад тарозуи кӯдакона, 2 адад оттоскоп, 100 адад найчаҳои эндотрахеалӣ, 200 адад найча барои хӯронидан, 200 адад найча барои ҷаббидан, 1 адад вакуум – аспиратор, 1 адад ларингоскоп, 1 адад инфузомат, 4 адад штатив ва 1 адад яхдон ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз ҳисоботи омории ба Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ирсолнамуда бармеояд: “Масъалаи асосие, ки дар давоми ду соли охир дар самти ташхисгузории аҳолии шаҳри Леваканд ба миён омадааст, ин гузаронидани муоинаи тиббии узвҳои нафаскашӣ бо роҳи гузаронидани акси флюрографии қафаси сина баҳри дарёфти намудани бемории сил мебошад, ки бо сабаби корношоям будани дастгоҳи мазкур гузаронида намешавад. Аз ин рӯ, сокинони шаҳри Леваканд ба Маркази саломатии шаҳри Бохтар муроҷиат мекунанд, аммо дар он ҷо ҳам дархосташон рад мешавад. Масъалаи мазкур дар Шӯрои тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Леваканд низ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол ҳалли мусбат ва саривақтии худро пайдо накардааст. Маҳз ба ҳамин омил шахсони ба бемориҳои сил алоқаманд пурра аз муоинаи акси флюрографии қафаси сина гузаронида намешаванд.

Дар баробари ин, маъмурияти БМШ Леваканд мутмаинанд, ки барои пурра ва саривақт гузаронидани ташхисҳо дар шуъбаҳои муолиҷавӣ беморхонаи марказӣ ба духтурони эҳёгар, неонатологҳо (духтурони навзодон), момодояҳо, рентгенолог, духтури кӯдакона, ғадудшинос, травматолог, терапевтҳо ниёз дорад. Ҳамчунин, дар БМШ Леваканд нарасидани асбобҳои муосири даруннигарӣ, аз қабили гастроскоп, эндоскоп, ректоромоноскоп, систоскоп, лапароскоп ва рентгени рақамӣ эҳсос мегардад. Сартабиби беморхона мегӯяд, оиди норасоии кадрҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин, хадамотҳои назорат дар соҳаи тандурустӣ муроҷиат намудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар нимсолаи дуюми соли гузашта бархе шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасони Беморхонаи марказии шаҳри Леваканд бо ташаббуси маъмурият ва кормандон таъмир гардид. Аз ҷумла, шуъбаи эҳёгарӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, инчунин, роҳравҳои бинои сеошёна аз ду тараф аз таъмири косметикӣ бароварда шуданд. Вале бо вуҷуди ин, айни ҳол шуъбаи бемориҳои кӯдакона ва ошхонаи беморхонаи марказӣ ба таъмири таъҷилӣ эҳтиёҷ доранд, ки маъмурият дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкили пешомада ҳаст.

Саҳми кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Леваканд дар ҳамаи чорабиниҳои умумишаҳрӣ ва беморхонавӣ назаррас буда, дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд ва мунтазам дар корҳои ободонӣ ва шукуфоии як гӯшаи муқаддаси хоки диёр нақши бунёдкоронаи худро мегузоранд. Аз чумла, соли сипаришуда кормандони беморхона дар чорабиниҳо бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зери унвони «Шоми Турсунзода», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ташкил шуда буд, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва ғайра фаъолона иштирок намуда, имсол низ ин анъанаро идома дода истодаанд.

“Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо- табибони шаҳри Турсунзода низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд”- иброз намуд дар фароварди суҳбат сартабиби шаҳри Леваканд Аҳрор Изатуллоев.

 

МТЖТ

Добавить комментарий