Кормандони беморхонаҳои шаҳри Турсунзода фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбики амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, паёмадҳои Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Раиси шаҳри Турсунзода ба роҳ монда, талошу такопуи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.

Танҳо дар соли 2018 ба беморхонаҳои шаҳр 255 қонуну қарорҳо, амру фармонҳо ва дигар мактубҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мақомоти қудратӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳо ворид шудаанд, ки қисме аз онҳо барои корбарӣ қабул шуда, боқимондаашон дар байни кормандони соҳа баррасӣ шудаанд. Аз беморхона бошад, 443 адад мактубҳо содирот шудаанд. Аз ҷониби шаҳрвандон 56 ариза оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо ҳалли худро ёфтаанд. Дар ин давра 169 нафар шаҳрвандон оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба худашон ё аъзои оила, ба кор қабул намудан, бо роҳи ройгон бистарӣ намудан ва дигар масъалаҳои оилавӣ шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки ҳамаи талабу дархости онҳо аз рӯи имконият иҷро шудааст.

Сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода Ятимов Тоҷиддин Ҳокимович зимни суҳбат бо пешниҳоди маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ин шаҳри металлургҳои кишвар зикр намуд:

— Cолҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Феълан дар муассисаҳои бистарикунонии шаҳри Турсунзода 8 адад кардиомонитор, 4 адад дастгоҳи Ултрасадо, 6 адад дастгоҳҳои ҳозиразамон барои гузаронидани ҷарроҳиҳои эндоскопӣ, 1-ададӣ таҷҳизоти М-ЭХО, ЭЭГ, Эходоплерограф, 12 адад ЭКГ-ҳои ҳозиразамон, 2 адад гастрофиброскопҳо, 12 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад бронхоскоп ва якчанд адад таҷҳизоти хурд ва калон барои гузаронидани ҷарроҳӣ, 6 адад дастгоҳҳои нави ҳозиразамони ташхиси лабораторӣ мавриди баҳрабардории беморон қарор доранд, ки қариб 70%-и онҳо тайи 10 соли охир харидорӣ шудаанд. Мутаассифона, аз сабаби нокифоя будани маблағ дар давоми 3 соли охир ягон таҷҳизоти нав харидорӣ нашудааст.

Тоҷиддин Ҳокимович ҳамзамон афзуд: «Нақшаи маҷмӯи тараққиёт ва мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ҳукумати шаҳр тасдиқ кардааст, ба беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рушди соҳаи тиб дар соли 2018 мусоидат намуд. Дар ин давра барои беморхонаҳои шаҳр 9483009 сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз он 9244867 сомонӣ харҷ шудааст, ки ин 97,5 %-ро ташкил менамояд. Мутаносибан тибқи нишондоди ин нақша дар се моҳи соли 2019 барои соҳаи тандурустии шаҳр 7473611 сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз он 6831998 сомонӣ харҷ шудааст ва ин 91,0  %-ро ташкил менамояд.

Стратегия ва сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Турсунзодаро оид ба беҳтар намудани хизмати тиббӣ табибони шаҳр дар ҳаёт татбиқ намуда, як қатор корҳои ба нақша гирифташударо ба сомон расониданд, ки баҳри бонизом фаъолият намудани ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуд».

Чуноне аз маълумоти оморӣ бармеояд, барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода 6 беморхонаи бистарикунонии давлатӣ, 9 клиникаи бистарикунонии хусусӣ, 11 клиникаи ташхисию табобатии хусусӣ, 10 маркази махсусгардонидашудаи пешгирӣ ва табобати бемориҳо, Маркази саломатии шаҳр бо 28 марказҳои саломатии деҳавӣ ва 50 хонаҳои саломатӣ, ки дар онҳо 515 нафар духтур, 1535 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Таъминнокӣ бо духтурон 98,3% (норасоӣ дар соҳаи эҳёгардонии кӯдакона, дандонпизишкӣ, силшиносӣ, санитарию беҳдоштӣ, логопед ва духтурони оилавӣ мебошад) ва бо ҳамшиарҳои шафқат 100%-ро ташкил медиҳад.

Таъминот бо духтурон дар шаҳри Турсунзода бо ихтисосҳои асосӣ ба 10 000 сар аҳолӣ чунин аст: ҳамагӣ — бо духтурони тибби оилавӣ — 5,6, бемориҳои дарунӣ 1,9 (миёнаи ҷумҳуриявӣ 4,0), бо духтурони кӯдакон 4,7 (3,0), бо ҷарроҳон 1,4 (1,7), бо духтурони бемориҳои занона 2,4 (1,9), бо дандонпизишкҳо 2,3 (1,4), бо фтизиаторон 0,4 (0,2), бо духтурони бемориҳои пӯст ва олотҳои таносул 0,2 (0,3).

Ин ҳам дар ҳолест, ки баҳри баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси мутахассисони тиббӣ дар шаҳри Турсунзода дар 3 моҳи соли 2019-ум 28 нафар духтур ва 96 нафар ҳамшираи шафқат аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.

Айни замон дар соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ 2533 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 513 нафарро духтурон ва 1380 нафарро кормандони миёнаи тиббӣ ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо 42 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ, 1 нафар духтури хизматнишондода, 1 доктори илмҳои тиб, 8 нафар номзадҳои илмҳои тиб фаъолият менамоянд.

Нишондиҳандаҳои демографии аҳолӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки феълан дар шаҳри Турсунзода 308506 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд, ки аз ин нуфузи умумӣ 156555 нафар, ё 50,7%-ро мардон ва 151951 нафар, ё 49,3%-ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин миён кӯдакони синни то 18-сола 129989 нафар буда, 42,1%-ро ташкил медиҳанд.

Агар ба маълумоти омории семоҳаи аввали соли ҷорӣ нигарем, маълум мегардад, ки муроҷиати аҳолӣ ба муассисаҳои шабакаи КАТС баҳри гирифтани ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ ва ташриф ба хона ҳамагӣ 478825 нафарро ташкил мекунад, аз онҳо ба ташрифи духтурон 185721 нафар, дар қабул 109365 нафар, дар хона 76356 нафар, ба ташрифи ҳамшираҳои шафқат бошад, 293104 нафар (аз он дар қабул 32865 нафар ва дар хона 260239 нафар) мебошад. Муроҷиати аҳолӣ барои ёрии дармонгоҳӣ ва ташриф ба хона ба ҳар 1 сари аҳолӣ ба пуррагӣ 1,5-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол статсионарҳои шаҳри Турсунзода дорои 850 кат буда, аз онҳо 39 кати рӯзона мебошанд. Катҳои ҷарроҳӣ бошанд, 295 адад (аз ин адад 52 кат барои кӯдакон), катҳои бемориҳои дарунӣ 370 адад, катҳои бемориҳои соматикии кӯдакона 95 адад, катҳо барои таваллуд 90 ададро ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол дар деҳот 170 кат мавҷуд аст, ки аз он 50 кат барои бемориҳои руҳии Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ мебошад.

Ин аст, ки дар давоми се моҳи соли 2019 дар статсионарҳои соҳаи ҷарроҳӣ ҳамагӣ 1037 адад ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Аз онҳо 8-тоаш мураккаб будааст. Аз ҳисоби ҳамаи ҷарроҳиҳо 408-тоаш ҷарроҳиҳои фаврӣ ва 629 адад ҷарроҳиҳои ба нақша гирифташуда мебошанд.

Тавре гуфта шуд, беморон бо маводҳои доруворӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои аз ҳампардохт воридшуда таъмин карда мешаванд, ки феълан қариб 90% беморон дар маҷмуъ бо маводҳои доруворӣ таъмин мебошанд. Ин аст, ки аз ҳисоби ҳампардохт дар се моҳи соли равон ба хазинаи беморхонаҳо ва шабакаи КАТС бошад, 962807,4 сомонӣ ворид шудааст, ки аз ин барои харидории маводҳои доруворӣ 704822,24 сомонӣ, барои маводҳои конселярӣ 33435 сомонӣ, маводи хоҷагӣ 27134,2 сомонӣ, музди меҳнати иловагӣ 134931,05 сомонӣ, таҷҳизоти нарм 12000 сомонӣ ва андоз 348154,61 сомонӣ харҷ шудааст.

Чи дар гузашта ва чи имрӯз гуруҳи пешоҳанги соҳаи тандурустӣ хизматрасонии дармонгоҳӣ буд ва мемонад. Дар ин росто ба аҳолии шаҳри Турсунзода муассисаҳои зерин ёрии амбулаторӣ мерасонанд: Маркази саломатии шаҳр бо филиали назди заводи «Пахтатозакунӣ», Дармонгоҳи қисми тиббӣ — санитарии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», Маркази шаҳрии «Стомотологӣ», 3 диспансери махсусгардонидашуда, 28 маркази саломатии деҳавӣ, 50 бунгоҳи тиббӣ. Иқтидори муассиаҳои амбулаторӣ — даромонгоҳӣ дар як баст 2813,0 ташрифро ташкил медиҳад.

Дар Маркази саломатии шаҳр 5 шуъбаи тибби оилавӣ бо Маркази байниноҳиявии омӯзиши тибби оилавӣ фаъолият менамояд. Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи маблағгузории сарикасӣ фаъолият карда истодааст. Дар марказҳои саломатии деҳавӣ, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд, норасоӣ ба духтурони оилавӣ ва духтурони дандон дида мешавад. Дар баробари ин, бо ҳамшираҳои тиббӣ ҳамаи марказҳои саломатии деҳавӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 100% таъмин мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо таассуф изҳор намуд: “Таҳлилҳои марганҷомӣ дар беморхона нишон доданд, ки бисёрии беморон то ба беморхона омадан дар минтақаҳо табобати худсарона ва ё аз духтурони оилавӣ ва дигар духтурон табобат гирифта, баъди вазнин шудани ҳолаташон ба Беморхонаи марказӣ муроҷиат менамоянд. Аз 25 нафар кӯдакони фавтидаи синни то 1-сола дар соли 2018-ум 19 нафарашон дар шабонарӯзи якум бо ҳаёт падруд гуфтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин кӯдакон бо ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона ворид шудаанд. Мутаассифона, дар ин муддат 2 ҳолати фавти модар низ ба қайд гирифта шудааст ва хушбахтона дар се моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст».

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сил барномаи ДОТС амал мекунад, ки ба беморон ёрии амалию моддӣ мерасонад. Дар давоми 3 моҳи соли 2019-ум 22 мубталои ин беморӣ дарёфт шудааст, ки аз ин бо бемории шакли мутобиқгашта 1 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи Барнома, ривоҷи фаъол дар самти бемории сил — ВНМО ва дигар масъалаҳои сил 22 бемор барои ВНМО хун супордааст, ки ин 100,0 %-ро ташкил мекунад. Шумораи беморони муолиҷаи беморхонагӣ гирифта 6 нафар мебошанд, ки ин 27,2%-ро ташкил мекунад. Дар умум ҳамаи беморон табобатро аз рӯи Барномаи ДОТС гирифта истодаанд.

Зоҳиран шуъбаҳои эҳёи калонсолон, эҳёи кӯдакона, қисми ҷарроҳӣ ва шуъбаи муолиҷаи шиддатноки таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳр, шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи БШ №2 бо оксигени намнок таъмин мебошанд. Қисми ҷарроҳӣ, шуъбаи ташхис, асабшиносӣ, ГГБ, шуъбаҳои таваллудкунӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи ташхис таъмири ҷорӣ ва шуъбаи сироятии кӯдакона аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии туркии «Тика» таъмири мукаммал ва бо таҷҳизоти лозима таъмин карда шуданд. Шуъбаи озмоишгоҳи клиникию биокимиёвӣ аз ҷониби ҶДММ «Беҳдоштӣ» таъмири мукаммал гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва кормандони шуъба аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона бошад, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраи гузаронидани амалиёти хатна бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ташкил карда шуда, дар давоми давраи ҳисоботӣ 341 амалиёти хатна гузаронида шудааст, ки аз он 1 нафар то 20-рӯза, 42 нафар то 1-сола ва 298 нафари боқимонда бо синну соли гуногун мебошанд.

Ҳамчунин мушоҳида гардид, ки ҳуҷраҳои рентгенӣ дар иншооти маҳкам ҷойгиранд ва бо пешбандакҳои муҳофизатӣ таъмин карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, беморхонаҳои шаҳр дорои 761 кати шабонарӯзӣ ва 39 кати рӯзона мебошанд. Аз онҳо: катҳои ҷарроҳӣ 330 адад (аз ин 60 кат барои кӯдакон), катҳои бемориҳои дарунӣ 120 адад (катҳои бемориҳои соматикии кӯдакона 30 адад), катҳо барои таваллуд 90 адад мебошанд. Таъминоти аҳолӣ бо катҳои беморӣ ба 10 000 нафар 44,7-ро ташкил медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки танҳо дар соли сипаришуда баҳри фароҳам овардани шароити созгор ба муолиҷагирандагон ва фаъолияти мусоиди беморхонаҳои шаҳри Турсунзода 100 адад кӯрпа, 100 адад матрас, 100 адад болишт ва 150 адад ҷойпӯши рахти хоб харидорӣ шуда, ба шуъбаҳо тақсим карда шуд. Барои ба сатҳи баланд расонидани хизматрасонии тиббӣ ба беморон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар баробари ин ҳамаи беморхонаҳои шаҳр бо хати алоҳидаи барқӣ (хати тоза) таъмин мебошанд. Дар БМШ агрегати дизелии мустақил амалкунанда (40 Квт) ва 2 адад генератори барқии тамғаи «Паланг» ҳаст, ки дар ҳолати рӯй додани ягон садама бо ёрии онҳо қисмҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхона бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин дар БШ №2 ду адад бойлерҳо васл карда шудаанд. Ҳамзамон беморхонаҳо бо лампаҳои каммасраф ва гӯшаҳои бехатарии зидди сӯхтор таъмин буда, обченкунакҳо васл карда шудаанд.

Кормандони беморхона дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд. Аз чумла, дар соли сипаришуда кормандони беморхона дар чорабиниҳо бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зери унвони «Шоми Турсунзода», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ташкил шуда буд, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият шуруъ намудани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва ғайра фаъолона иштирок намуда, имсол низ ин анъанаро идома дода истодаанд.

— Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо — табибони шаҳри Турсунзода низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд,- мегӯяд Тоҷиддин Ятимов.

МТЖТ

 

РАҚАМҲОИ ГӮЁ

Баъзе нишондодҳои омории беморхонаҳои шаҳри Турсунзода дар соли 2018

 

Тибқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар беморхонаҳои шаҳри Турсунзода ба 23773 нафар беморон хизмати тиббӣ расонида шудааст.

***

Ба беморхонаҳои шаҳр 9483009 сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз он 9244867 сомонӣ харҷ шудааст.

***

Ҳоло дар беморхонаҳои шаҳри Турсунзода 1298 нафар кор мекунанд, аз онҳо духтурон — 189 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ — 717 нафар мебошанд.

***

Дараҷаи тахассуснокии табибон дар чунин ҳолат қарор дорад: дараҷаи олӣ — 21 нафар, дараҷаи 1 — 7 нафар, дараҷаи 2 — 9 нафар. Ҳамшираҳои шафқат: дараҷаи олӣ — 46 нафар, дараҷаи 1 — 31 нафар ва дараҷаи 2- 41 нафар.

***

Дар таваллудхонаҳои шаҳр 8329 нафар навзодон таваллуд шудаанд.

***

Дар беморхонаҳои шаҳр 126 нафар беморон фавтидаанд, ки аз онҳо кӯдакони то 18-сола 82 нафарро ташкил мекунад.

***

Қисми ҷарроҳӣ, шуъбаи ташхис, асабшиносӣ, ГГБ, шуъбаҳои таваллуд, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи ташхис таъмири ҷорӣ ва шуъбаи сироятии кӯдакона аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии туркии «Тика» таъмири мукаммал карда шуда, бо таҷҳизоти лозима таъмин гардидаанд.

***

Шуъбаи озмоишгоҳи клиникию биокимиёвӣ аз ҷониби ҶДММ «Беҳдоштӣ» таъмири мукаммал карда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид ва кормандони шуъба аз нав омӯзонида шуданд.

***

Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона 341 амалиёти хатна гузаронида шудааст, ки аз он 1 нафар то 20-рӯза, 42 нафар то 1-сола ва боқимонда 298 нафар мебошанд.

***

Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ 4012 адад ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

***

Дар беморхонаҳои шаҳри Турсунзода 28 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ, 1 духтури хизматнишондода, 5 нафар номзади илмҳои тиб фаъолият менамоянд.

***

Соли 2018 дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Турсунзода 7 нафар духтур, 80 нафар ҳамшираҳои шафқат бо ҷои кор таъмин карда шудаанд. Дар давоми 3 моҳи соли 2019 бошад, 9 нафар духтур, 42 нафар ҳамшираи шафқат ба кор омадаанд.

***

49 нафар табибон ва 119 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.

***

Бо дархости маъмурияти беморхона оид ба пешгирии пайдошавии ҳашароти зараррасон дар давоми соли 2018 беморхона 4 маротиба аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ безарар гардонида шудааст.

Добавить комментарий