Аз соли 1991 то инҷониб дар вилояти Хатлон 3120 нафар аҳолии гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, мувофиқи таҳлилҳо, ин рақам рӯ ба афзоиш аст.

 

Афзоиши  ВНМО дар вилояти Хатлон

Тавре сардори Маркази пешгирии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон Илёсидин Саидов гуфт, аз шумораи умумии гирифторони ин беморӣ 1941 мард, 1179 зан ва 332 нафар ноболиғ мебошанд.

Манбаъ нигаронӣ аз он кард, ки 60 фоизи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мубталои он шудаанд. Дигар роҳҳои гирифторӣ ба воситаи сӯзандору ва аз модар ба кӯдак мебошад.

-Соли 2017 дар вилояти Хатлон  342 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд. Соли 2018 бошад,  447 нафар ва дар се моҳи соли 2019-ум 147 нафар гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки мувофиқи таҳлилҳо, сатҳи гирифтор шудан ба ин беморӣ рӯ ба афзоиш дорад, -илова кард ҳамсуҳбати мо.

Илёсиддин Саидов зикр намуд, ки ҳоло вақти он расидааст, то мутахасисон дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, аз хатари гирифтор шудан ба бемории ВНМО онҳоро огоҳ кунанд. Зеро аксари занҳои ҳомила, ки бемориашон ошкор мешавад, шавҳарҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Дар натиҷа, онҳо низ ба ин вирус гирифтор мешаванд.

Ҳарчанд ҳоло баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи хона ба хона гаштану мардумро огоҳ кардан ба роҳ монда шудааст, вале шиддати мубталои ба он коҳиш намеёбад.

 

Масъулон нигаронанд

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум, ки чанде пеш баргузор гашт, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт чанд барномаи давлатӣ ва стратегияи миллӣ амалӣ шуда истодааст.

— Алҳол дар ҷаҳон беш аз 53 миллион нафар ба беморӣ гирифтор мебошанд, ки аз ин шумора 5,7 миллионашонро кӯдакони синни то 15 ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 3042 нафар гирифтори бемории вируси масунияти одам ба қайд гирифта шудааст, ки 62,3 дарсадашро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд. Ин беморӣ хатарнок буда, ба воситаи хун, сӯзандору, алоқаи ҷинсӣ ва дигар роҳҳо ба инсон мегузарад. Занони ҳомиладор ва кӯдакони сироятёфта ба ғамхорӣ фаро гирифта, бо маълумоти пешгирикунанда ва иттилоотонӣ таъмин шуда истодаанд. Бо вуҷуди мавҷуд будани 6 нуқтаи пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва фаъолият намудани бунгоҳи сайёри тиббӣ, теъдоди занони гирифторшуда ба беморӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Сироятёбӣ ба ин беморӣ бо ҳар роҳе, ки набошад, бояд пешгирӣ шавад. Бехатарии хуни донорон низ дар назар аст. Корҳои фаҳмондадиҳиро бо вуҷуди гузаронидани 251 вохӯрию мулоқот, бояд бештар ба роҳ монем, — зикр намуд Махфират Хидирзода.

 

Раиси вилоят: Ҷавононро аз вируси фалокатбор эмин доред!

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода роҳбарияти Раёсати фарҳанг, Идораи телевизион ва радио, сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳо, Сарраёсати молия, марказҳои вируси норасоии масунияти одам дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ мардумро ба ҳаёти солим ҳидоят намоянд, хусусан, ҷавононро аз ин вируси фалокатбор эмин нигоҳ доранд.

Сокинонро низ зарур аст, ки ба саломатии худ диқати махсус диҳанд, зеро саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, «Фараж»

Добавить комментарий