Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дастгирӣ ёфт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрели соли ҷорӣ баён доштанд, фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои гузошташуда дар самти истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин ва андешидани тадбирҳои ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда, корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омӯзгозорон таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба иҷрои супоришҳои додашуда бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар асоси қарори и.в.раиси ноҳия аз 31-уми марти соли 2020, №69 Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ таъсис дода шуда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст. Бо назардошти гузаронидани муоинаи шахсони бемор айни замон 7 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия ба карантин фаро гирифта шуда, тамоми шароитҳо барои муолиҷаи онҳо муҳайё карда шудааст. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва дастгири роҳбари Гуруҳи корӣ муҳтарам Давлатзода Н. ба беморхонаи марказии ноҳия як қатор лавозимотҳо, аз қабили 50 дона курпа, 50 дона болишт, 50 дона рахти хоб, 10 адад айнаки махсус, 500 дона дастпушаки резинӣ, 50 дона халати махсуси яккарата, 25 дона халати махсус, 200 кг хлор ва дигар маводҳои аввалиндараҷаи соҳавӣ барои нигоҳубини беморон ба маблағи зиёда аз 44 ҳазор сомонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон бо ҷалби дигар соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба маблағи зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ маводҳои ғизоӣ харидорӣ карда шуда, барои таъмини хӯрокаи беморони дар карантин қарордоштаи беморхонаи марказии ноҳия дастрас карда шуданд. Инчунин аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар зиёда аз 1916 хоҷагӣ, 19 масҷид, 51 мағозаи тиҷоратӣ, 15 муассисаи тандурустӣ ва 19 муассисаи таълимӣ бо масоҳати умумии 57 ҳазор метри квадратӣ корҳои безарраргардонӣ гузаронида шуда, маводҳои антисептикӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ ба сохторҳои ноҳиявӣ дастрас гардонида шудааст. Айни замон 6 нафар дар беморхонаи марказии ноҳия ба карантин фаро гирифташуда, 12 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба онҳо хизмат расонида истодаанд. Бо мақсади сари вақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифтани шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ дар заминаи хобгоҳи муассисаи таълимии №1 барои 100 нафар бемор ҷой омода карда шуда, айни замон масъалаи таъминоти моддию техникии он баррасӣ шуда истодааст ва дар кутоҳтарин муҳлат ба кор дароварда мешавад.

Дар маҷмӯъ то ин муддат аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 88600 сомонӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо 75800 сомонӣ барои пешгирии ин бемории сироятӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Айни замон марҳилаи гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ ва корҳоифаҳмондадиҳӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳо ҳангоми баромадан ба кӯча, тозагии муҳити атроф ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ин самт, рафта истодааст.

Кишти иловагии зироатҳои кишоварзӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бо назардошти барқияи ҳукуматӣ оид ба вусъатбахшии раванди корҳои баҳорӣ ва таъсиси ситод оид ба фаъолият дар ин самт, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба иҷрои супориши мазкур дар асоси амри и.в.раиси ноҳияи Балҷувон аз 17.04.2020, №15/и-20 Ситоди кории ноҳиявӣ оид ба кишти зироатҳои иловагӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби сохторҳои дахлдори ноҳиявии кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, хоҷагиҳои ҷангал, иқтисод ва савдо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон таъсис дода шуда, ҳамарӯза вобаста ба мақсадҳои гузошташуда фаъолият намуда истодааст. Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои гузошташудаи барқияи ҳукуматӣ Роҳбари гуруҳи корӣ Давлатзода Н. рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ ба ноҳия ташриф оварда, дар ҷамоатҳои деҳоти Балҷувон, Тоҷикистон, ба номи Сафар Амиршоев ва ба номи Сайф Раҳим ба раванди кишту кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ аз наздик шинос шуда, бо деҳконону кишоварзон ва масъулини Ситоди ноҳиявӣ суҳбат гузаронида, онҳоро ба тезонидани корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки заминҳо ва тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, коштани зироатҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва манфиатовар барои аҳолӣ, риояи меъёрҳои агротехникӣ ҳангоми коштани зироатҳо ва дар раванди парвариши маҳсулотҳо бо мақсади гирифтани ҳосили фаровон, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби тамоми техникаҳои соҳа ба кишту кор, ҳидоят намуд. Ҳамчунин роҳбари гуруҳ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо аъзои Ситоди ноҳиявӣ, гуруҳи корӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҷаласаи корӣ гузаронида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати корбарӣ, ҷоннок намудани тадбирҳои пешгирӣ дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои безарраргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, корхонаю ташкилотҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, тарғиби риояи гигиенаи шахсӣ ва аз байн бурдани камбудиҳои дар самтҳои болозикр, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳайати Ситоди кории ноҳиявӣ ҳамарӯза бо ҳар як хоҷагии аҳолӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба таври алоҳида суҳбату вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноки заминҳо, гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин ва бо риояи меъёрҳои агротехникӣ гузаронидани чорабиниҳои кишту кор ва парвариши зироатҳо дастуру тавсияҳо дода, ҳамзамон онҳоро ба андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ даъват намуда истодаанд. Инчунин ба ҳар як оила оид ба вазъи баамаломадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзоиши бемории сироятии коронавирус дар саросари ҷаҳон ҷиҳати пешгирии воридшавии ин беморӣ, диққати ҷиддӣ додан ба ҳолати санитарию гигиенӣ дар манзилҳои зист, ҷойи кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тозагии муҳити атроф ва ташаккули мафкураи насли наврас дар самти риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом дода истодаанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар доираи мавсими кишту кори тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 дар ноҳия маҷмӯан дар майдони 3397 га кишт гузаронида шуда буд, ки аз ин 2944 га ғалладона ва лубиёгиҳо, 310 га зироатҳои техникӣ, 70 га картошка, 23 га сабзавот ва 50 га зироатҳои хӯроки чорво ба ҳисоб меравад.

Раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ мегӯяд, дар доираи фаъолияти босамари Ситоди кории ноҳиявӣ бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иловатан дар майдони 139,1 га кишти зароатҳои баҳорӣ, аз ҷумла 20 га картошка, 10 га лубиё, 21,8 га маҳсар, 9,2 га зағер, 71,3 га нахуд, 5,8 га наск ва 1 га мош гузаронида шуд. Майдони умумии заминҳои шудгору киштшуда мутаносибан ба ҷамоатҳои деҳоти Балҷувон 29,8 га, Сари Хосор 26,7 га, Тоҷикистон 33,6 га, ба номи Сайф Раҳим 21 га ва ба номи Сафар Амиршоев 28 га рост меояд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз майдони умумии заминҳои киштшуда 5,3 га замини онро заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ташкил дода, боқимондаи он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста аст.

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия, тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва ба табобат фаро гирифтани шаҳрвандони бемор, инчунин истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодааст.

С. Халилиён, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here