Дар Покистон гуруҳи ношиносе ба як автобус ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 14 нафар кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар иттилоъ медиҳанд.

Гуфта мешавад. ки мардони мусаллаҳ автобусро дар шоҳроҳи Макраро боздоштанд ва аз баъзе мусофирон ҳуҷҷат талаб карда, баъд ба сӯи онҳо оташ кушодаанд.

Ҷасади кушташудагонро ба беморхонаи шаҳри Ормара бурдаанд ва то ҳол тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.

Сабабҳои қатли ин афрод маълум нест ва то кунун касе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст .Тибқи иттилои Associated Press дар автобуси мазкур зиёда 30 мусофир ҷойгир буд, ки онҳо ба ҷониби шаҳри Гавадар мерафтанд.

Қаблан иттилоъ буд, ки дар натиҷаи таркиш дар яке аз бозорҳои шаҳри Кветта 16 нафар ба ҳалокат расид. Сабабҳои ин ҳодиса низ то ҳолмаълум нест.

Добавить комментарий