Хурдтарин қора дар сайёраи Замин ин Австралия аст. Масоҳати қаламрави он 7 659 861 км мураббаъ (бо ҷазираҳояш 7 692 024 км2), ҳамагӣ 5% хушкии сайёраро ишғол мекунад ва на аз ин беш. Ҳамзамон бо ин агар ба масоҳати қитъа аз шимол ба ҷануб нигариста шавад, он 3,7 ҳазор километрро ташкил медиҳад, аз ғарб ба шарқ тахминан 4 000 километр. Дарозии ҳамаи соҳилҳои қитъа тахминан  35 877 километр мешавад. Ин қора дар қисмати ҷанубии нимкураи Сайёра ҷойгир шудааст. Аз  шимол, ҷануб ва ғарб қитъаи Австралияро уқёнуси Ҳинд иҳота кардааст, аз шарқ он бо баҳрҳои Тасмон (анг. Tasman Sea — бахше аз обҳои уқёнуси Ором, ки дар байни каронаҳои ҷанубу шарқии Австралия, шарқи ҷазираи Тасмания воқеъ мебошад) ва баҳри Марҷон (анг: Coral Sea — баҳре дар шимолу шарқи Австралия ва ин кишварро аз ҷазираҳои атроф ҷудо мекунад) иҳота шудааст. Ҳамчунин Австралия дар олам бо обсангҳо ё сахраҳои марҷонии худ, ки ба беш аз 2 ҳазор км тӯл кашидаанд, шуҳрат пайдо кардааст.  

Ҳамаи ин қаламрав марбути як давлат аст, ки номи он баргирифта аз номи қора — Австралия мебошад. Расман онро Иттиҳоди Австралия меноманд.  

 

Нуқтаҳои дуртарини қораи Австралия

Чаҳор нуқтаи дуртарин дар қораи Австралия мавҷуд аст: 

1) Нуқтаи аз ҳама дуртарин дар шимол димоғаи Йорк аст, ки бо баҳрҳои Марҷон ва Арофур (анг. Arafura Sea-баҳри камқум дар ғарби уқёнуси Ором ва дар миёни баҳрҳои Курол ва Темур аст, ки Австралияро аз  Кенияи нав ҷудо мекунад) иҳота шудааст.  

2) Дуртарин нуқтаи ғарбии он димоғаи Стип-Пойнт мебошад, ки бо уқёнуси Ҳинд иҳота гардидааст. 

3) Нуқтаи дуртарини ҷануби Австралия димоғаи Саут-Пойинт мебошад, ки бо баҳри Тасмон иҳота гардидааст.  

4) Ва ниҳоят, нуқтаи дуртарин дар шарқи қора димоғаи Байрон аст.  

 

Релефи Австралия

Дар қаламрави қораи Австралия даштҳо афзалият доранд. Беш аз 90 дарсади хушкии ин қитъа аз 600 метр аз сатҳи баҳр баланд нест. Дар ҳудуди Австралия минтақаҳои куҳӣ низ мавҷуданд, вале онҳо низ пастанд ва аз 1500 км баланд нестанд. Баландтарин куҳ дар Австралия ришаткуҳи Алпи Австралия мебошад, ки яке аз баландтарин минтақаи куҳии ин кишвар ба ҳисоб меравад. Куҳи  Козиско (анг. Mount Kosciuszko) баландтарин қулла дар сар то сари Австралия мебошад. Он дар риштакуҳҳои барфӣ ҷой гирифтааст ва баландии он 2230 метр аз сатҳи баҳр мебошад. Ҳамчунин дар Австралия куҳҳои Масгрейв, силсилакуҳи Дарлинг ва Маунт-Лофти, ҳамворакуҳҳои Ғарбӣ низ вуҷуд доранд. Кулли қаламрави Астралия дар платформаи австралиёӣ қарор дорад, ки қисме аз он ба уқёнус мерасад.  

 

Обҳои дохилии Австралия

Ин қора аз нигоҳи обҳои дохилӣ камбизоаттарин минтақа маҳсуб мешавад. Дарозтарин дарёи он Муррей ном дорад, ки оғози худро аз ноҳияи баландкуҳи Козиско мегирад ва то масофаи 2375 км дар дохили кишвар ҷорӣ мешавад. Ин дарё асосан аз оби борон ва оби барфу яхҳо пур мешавад. Маъмулан дар аввали тобистон он серобтар аст ва баъдан обаш кам мешавад ва дар баъзе минтақаҳо он ба кӯлмакҳои истода шабоҳат пайдо мекунад.  

Ба мисли дарёҳо кӯлҳои ин кишвар низ асосан аз оби борон пур мешаванд. Ин гуна кӯлҳо сатҳи доимӣ ва резиш надоранд. Тобистон онҳо метавонанд пурра хушк шаванд, чун борон намеборад ва ба як чуқурӣ ё пастӣ мубаддал шаванд. Ғафсии қабати намак дар қаъри кӯли хушкшуда метавонад то 1,5 метр расад. Кӯлҳои нисбатан бузурги Австралия метавонанд дар қисмати бештари сол ба мурдоб табдил шаванд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки ҷануби қитъа ҳоло аз сатҳи уқёнус боло мехезад.  

 

Иқлими Австралия

Қитъаи Австралия дар се минтақаи иқлимӣ ҷой гирифтааст: минтақаи субтропкиӣ, тропкиӣ ва субэкваториалӣ.  

Минтақаи субтропкиии қораи Австралия се иқлим дорад — субтропкиии континенталӣ, субтропкиии сернам ва баҳримиёназаминӣ. Иқлими баҳримиёнагӣ бо табиати хушк ва гарми тобистон ҳамроҳ аст, аммо зимистон гарму пурнам аст. Тобистон ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа боло меравад ва зимистон ҳарорат то 12 дараҷа паст мешавад. Ин иқлим хоси қисмати ҷанубу ғарбии Австралия мебошад.  

Дар иқлими намдори субтропкиӣ ҳарорати ҳаво дар вақтҳои гуногуни сол тағйир меёбад: тобистон ҳарорат то 24 дараҷа гарм мешавад ва зимистон то 10 дараҷа сард. Ин иқлим хоси иёлоти Виктория, қисмате аз иёлоти Уэлси Нави Ҷанубӣ мебошад, ки дар ҷанубу ғарб воқеъ аст.

Иқлими субтропкии континенталӣ бориши камтар, вале поин шудани ҳарорат дорад ва хоси ҷануби Австралия мебошад. 

Иқлими тропкиӣ аз иқлими хушки тропкӣ ва иқлими намноки тропкиӣ таркиб ёфтааст. 

Иқлими тропкиии намнок дар шарқи қора мебошад ва ба он миқдори ками боришот хос аст. Ин гуна обу ҳаво ба шарофати бодҳои ҷанубу шарқӣ ба вуҷуд меояд, ки аз намии уқёнуси Ором бой аст. Обу ҳавои субэкваторӣ дар ин қора аз ҳароати муътадил дар тӯли тамоми сол (23 дараҷа) ва боришоти зиёд аст.  

 

Гиёҳону ҷонварони Австралия

Кулли қаламрави қора ҳамагӣ 5% ҷангал дорад. Муддати солҳои тӯлонӣ аз қораву қитъаҳои дигар гунаҳои мухталифи дарахтон ва рустаниҳоро оварданд ва онҳо хеле хуб ба иқлими Австралия мутобиқ шуданд.  

Австралия қораи ба истилоҳ “танҳост”. Муддати тӯлонӣ дур буд аз назари ом ва ин дурӣ ба табиати нотакрори он фоидаи зиёд овард. Австралия камҷамъияттарин қораи олам аст ва дар он ҳамагӣ 0,4 дарсади аҳолии кураи замин зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо аслан омадагон аз Аврупо, аз ҷазираҳои Британия ҳаёт ба сар мебаранд ва чун миёни одамон гардиш мекунед, бештар лафзи англисиро мешунавед. Дар гузашта ин сарзамин мустаъмара буд. Омадагон аз Аврупо ба Австралия тарзи зиндагии аврупоиро оварданд ва дар ин сарзамин дину эътиқоди худро ҷорӣ карданд. Аммо ин қора-давлат дар воқеъ бо иқтисоди рушдёфтаву сатҳи олии зиндагии мардумаш фарқ мекунад.  

Табиатан ин қора ба мисли мамнуъгоҳи ҳайвоноти нодир аст. Дар ягон гӯшаи олам ба ин миқдор ҷуфтсумҳо, пистондорон, тухмгузор, моҳиҳои рангоранг ва рустаниҳои ҷолибу диданӣ вуҷуд надорад. Гунаи рустаниҳое дорад, ки то 150 метр ба авҷ сар мекашанд. 

Аз ин олами набототу ҳайвоноти он шаммае ин ҷо меорем:

Дар замони яхбандии бузург дар Австралия ҳатто сусморҳои панҷметра сукунат доштанд. Аммо ҳоло онҳо дар ягон ҷо нестанд. Дар яке аз боғҳои вуҳуши Австралия тайпонро бо мушҳои сафед сер мекарданд. Ин мушон муддати дароз морро назорат мекарданд ва соати марги худро интизорӣ мекашиданд. Вале баъдан мисли он ки забон як карда бошанд, баробар ба мор даруфтоданд ва онро газиданд. Аз захми ин газидаҳо тайпон ба зудӣ мурд.

Куҳансолтарин аллигатори Миссисипӣ дар боғи ҳайвоноти шаҳри Аделиада (Австралия) мебошад, ки соли 1978 66-сола буд. Соли 1965 дар соҳилҳои Австралия албатроси модинаи пире пайдо шуд, ки вусъати болҳои он 3 м 63 см буд.

Лирадумҳо (номи паранда) ду навъанд. Ҳарду дар шарқи Австралия зиндагӣ мекунанд. Лираи сиёҳдум – дар қисмати шимолии Квинсленд. Вай аз нигоҳи ҷусса хурдтар аз лирадуми калон аст. Наринаҳои лирадумон дар ҳама муддати тирамоҳи Австралия ва қариб тамоми зимистон саргарми сурудхонӣ ва таманнои думи дарозу зебои худанд, ки баъзан дарозтар аз қаду бари онҳост. Думе, ки дарозтар аз 75 см аст!

Дар Гвинеяи Нав ва шимолу шарқи Австралия 40 намуди парандаҳои биҳиштӣ зиндагонӣ мекунанд. Вақте аввалин пажуҳишгарон ба вилоятҳои дохилии Австралия ворид шуданд, онҳо бисёр ҳайвонҳои ваҳшии тухмкунандаро диданд, ки минқори паранда доштанд, ҳайвонҳои халтадор, парандаҳои инкубатор ва боз ким-чи хел сохтмони бо гул орододашудаи сихшаклро мушоҳида намуданд. Маъмулан инҳоро дар миёни буттаҳои начандон баланд пайдо мекарданд. Дар масофаи тақрибан ним метр аз онҳо дар замин дар шакли девори зичи қаторчӯб чӯбчаҳои дигари дарозтар халонда шуда буданд. Нӯги болоии онҳо ба самти якдигар қат карда шудаанд ва он шакли боми дуобдаваро мегирифт. Инҳо парандаҳои чайланишин буданд ва кашфи онҳо аз ҷониби муҳаққиқон худ як достони шуниданиву хонданист.

Тӯтиҳои мавҷдор дар миёни дӯстдорони парандаҳо шуҳрати беандоза доранд. Ватани аслии онҳо Австралия мебошад. 150 сол пеш аввалин маротиба онҳоро ба Аврупо бурданд ва аз он замон то кунун миллионҳо адад аз ин ҷонвари зеборо парвариш карданду ба камол расонданд.  

Дар Австралия ва Тасмания (англ. Tasmania — иёлоте дар Австралия, ки дар ҷазираи ҳамномаш 240 км дар ҷануби қитъаи Австралия ҷойгир шудааст) шутурмурғи эму зиндагӣ мекунад. Он каме баландтар аз нанду, вале вазнаш тақрибан як аст.  

Ҳоло аз тақрибан 280 намуди ҳайвоноти халтадор 180 намудашон дар Австралия зиндагонӣ мекунанд, аммо барои 72 намуди онҳо (65 намуди опоссумҳо ва 7 намуди калламушҳои халтадор) Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ватан ҳисобида мешавад.

Гурги халтадор ва ё бабри тасмонӣ (номи дуюмашро аз рахҳои бабрмонанди танаш гирифтааст) дар минтақаи Австралия калонтарин ҳайвони халтадор ҳисобида мешуд. Замоне, ки аврупоиён дар Австралия пайдо шуданд, он танҳо дар ҷазираи Тасмания вуҷуд дошт. Дарозии бадани вай якҷо бо думаш то ба 180 см мерасид. Гурги халтадор бештар шабеҳи саг буд, вале монандие ба кенгуру низ дошт: дар ҳоли таҳдиди хатар вай метавонист бо панҷаҳои ақибаш худро рост карда, аз ҷо ҷаҳад.

Кенгуруи азимҷусса ҳамроҳ бо шутурмурғ нишони давлатии Австралияро оро медиҳад.

Сокинони Австралия хеле гурбадӯстдоранд. Аз 100 9 нафари онҳо соҳиби гурба мебошад!

Динго (саги ваҳшӣ) дарандаи ягонаи Австралия мебошад. Дуруст аст, ки аз ҷумлаи ҳайвонҳои азаливу таҳҷоии ин минтақа нест. Онро одамон ба Австралия 3 ҳазор сол пеш аз галаҷазираҳои Малай овардаанд. Барои ин сагон муқими ин минтақа шудан мушкил ҳам набуд, чун туъма зиёд буд ва рақибе надоштанд. Вақте ба Австралия аз кишварҳои дигар муҳоҷирон омаданд, дингоҳо ба даштҳо ва ё ҷангалҳои камдарахт рафтанд ва он ҷо ҳар гуна ҳайвонотро шикор карданд.

Библиси азимҷуссае, ки дар Австралия мерӯяд, ба бинанда таассуроти аҷибе мегузорад. Вай на баргҳои пӯшидашаванда дорад ва на кӯзача-домҳо. Ин буттаи начандон баланд (наздик ба 50 см) буда, баргҳои боркиу тунук дорад. Аммо бо вуҷуди ин рустании ваҳшӣ аст. Маълум мешавад, ки баргҳои вай бо мӯяҳои часпак пӯшида шудаанд ва ҳар барг то 300 ҳазор ин гуна мӯяҳо дорад. Ин бутта дар ҳақиқат як шабакаи часпанда барои ҳашароти паранда аст.

Парвиз Аминзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here