Ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Сайру сайёҳӣ яке аз манобеи рушд ва нумӯи кишварҳо аст. Дар дунё бисёр мавзеҳоянд, ки тавассути он имконият ва шароит барои мардуми худ фоидаҳои зиёд меоваранд. Қабул шудани соли 2018 чун соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ василаест, ки Тоҷикистон, гардишгарон ва меҳмонони дохилию хориҷиро дар оғӯш бигирад. Барои тарғибу ташвиқи ин иқдоми наҷиб зарур аст, то нигоҳи сайёҳие ба яке аз манотиқи ба мо наздик ва монандтабиат дошта бошем.

Покистон яке аз авваллин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии худро расман ифтитоҳ карда, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро оғоз намуд. Ин кишвар дорои тамаддун ва фарҳанги бой аст, ки ба мо тоҷикон хело наздик ва яксон мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақа қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва дар манотиқи шимолии он қавмҳои тоҷик, паштун ва ҳазора низ мавҷуданд.
Покистон 14-уми августи соли 1947 аз мустамликаи Британияи Кабир озод шуд ва дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир аст. Аҳолии он зиёда аз 193 миллион буда, пойтахташ шаҳри Исломобод мебошад.
Ин кишвар дорои чаҳор музофот: Панҷоб, Синд, Балуҷистон ва Сарҳад аст. Шаҳрҳои Лоҳур, Карочи, Кувейта ва Пешовар марказҳои саноатӣ ва тиҷоратии ин музофотҳоянд. Ифтихори мо тоҷикон аст, ки шаҳри Лоҳур-зодгоҳ ва маҳалли тарбиявии аллома Муҳаммад Иқбол аз соли 1972 бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр эълон шудааст.
Аммо мавзӯи аслии мо ин сайрест ба минтақаи шимолии ин кишвар, ки дар он маҳаллест, хело диданибобу сайёҳатӣ. Мардуми аслии инҷоро Гилгетиҳо, Свотиҳо ва ғайра ташкил медиҳанд, ки дар доманаи куҳҳои осмонии ин сарзамини саёҳатӣ умр ба сар мебаранд. Мутобиқи маълумоти китоби “Тоҷик Своти ва мамлакати габр таърих ке оина ме”(Тоҷикони свот ва мамлакати габриҳо дар масири таърих), ки аз ҷониби профессори покистонӣ Муҳаммад Ахтар (1934-2015) навишта шудааст, мардуми бумии инҷоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Ноҳияи Своти минтақаи Покистон дар шимоли музофоти Сарҳад қарор дошта, яке аз макони сайёҳии ин кишвар аст, ки солона ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин маҳал дидан ба амал меоваранд.
Ин минтақа аз ҷониби Хайбар Пахтунхо идора мешавад ва яке аз манотиқи куҳистонии сайёҳӣ аст, ки тавассути ин ба буҷети давлат ҳазорон фоидаи иқтисодӣ ворид мегардад. Тибқи омор зиёда аз 35 дарсади даромади он сайёҳӣ ва 30 дарсади дигар аз зироат аст.
Дар соли 1970 Свот чун як ноҳияи куҳистонӣ ташкил гардида, марказаш шаҳраки Сайду Шариф аст, ки ба хотири зиёрати оромгоҳи Сайду Шариф мардуми зиёд аз ин маҳал дидан мекунанд. Охунд Абдулғафур номи аслии Сайду Шариф аст, ки яке аз суфиёни ин минтақа буд.
Свот як минтақаи таърихист, ки шомили таҳзиб ва осору тамаддуни Осиёи Миёна аст. Ва ин яке аз сабабҳои умдаест, ки гардишгарон ба он таваҷҷуҳ доранд ва аз инҷо дидан мекунанд.
Дуввум сабаби вуруди сайёҳон ба Свот, ин сайру сайёҳии онҷост, ки обҳои софу марғзорҳояш монанд ба маконҳои дидании кишвари Шветсария мебошанд. Он сарсабзу шодоб ва дорои майдонҳои васеи кишоварзӣ аст. Мардуми ин сарзамин хело меҳнаткаш, донишманд ва пешрафтаанд.
Сабаби дигари ҷалби сайёҳон ба ин мавзеъ, нисбат ба дигар ноҳияҳо наздик будани он аст, ки масофаи расидан ба Свот аз пойтахти Покистон- шаҳри Исломобод 250 ва аз шаҳри Пешовар 170 км аст.
Масоҳати ҷуғрофии Свот 5337 мураббаъ буда, аҳолиаш зиёда аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин минтақа яке аз саввумин калонтарин ноҳияҳои Сарҳад-Хайбар Пахтунхо буда, дар самти шимоли ин ҷо минтақаи Чатрол, дар ҷануб ноҳияи Бунир, дар шарқ ноҳияи Шонгла, дар ғарб Деровар Малоканд Эҷенси ва дар қисмати ҷануб-шарқ Дарбанд ҷойгир ҳастанд. Ин минтақаи куҳистонӣ аз рӯи шакли табииаш ба се бахш тақсимбандӣ мешавад:
Своти болоӣ (болои Свот),
Своти поёнӣ (зери Свот),
Своти куҳистонӣ (куҳистони Свот).
Барои сайру гашт манотиқи Моламҷабба, Догӣ, Кабал, Сайду Шариф, Шарифобод, Хоза хайла, Баҳрайн, Мадян, Колом, Ҷоргу обшор, Кабинҷаба, Милго ва Хазона хело машҳур ва диданбоб ба шумор мераванд. Мингора яке аз калонтарин шаҳраки Свот аст.
Бояд қайд кард, ки Свот дорои деҳаҳоест, ки барои сайёҳон ва гардишгарон тамоми шароит дар он муҳаё ва дастрас аст. Яке аз ин деҳаҳо Догӣ аст, ки дар водии Свот ҷойгир буда, зебоманзар аст. Инҷо аз шаҳри Кабал 2 км фосила дорад. Занони он бо ҳунарҳои дастӣ ва касбии худ касро ба ҳайрат меоранд. Аксари ҷавонони Догӣ босавод ва таълимёфта буда, дорои мактабҳои замонавӣ ва олӣ мебошанд. Дар мавсими гармо ва сармо дар ин минтақа фестивалу чорабиниҳои ҷолиб ба монанди чавгонбозӣ, аспсаворӣ ва рақси аспҳо, парашютбозӣ, куҳнавардӣ, барфбозӣ ва оташбозӣ (дар шаб) ташкил ва фароҳам мешавад, ки солона сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он истифода мекунанд.
Инҷо мо метавонем чанд нуктаро барои рушд ва нумуи гардишгарии Тоҷикистон, ки ба минтақаи Своти Покистон бо куҳҳою водиҳояш умумият дорад, пешниҳод намоем.
Дар аввал гуфтан ба маврид аст, ки агар Покистон фақат як Свот дошта бошад, Тоҷикистони мо дорои чандин Свотҳо аст, ки метавон аз онҳо хуб истифода карда, даромади иқтисодии чашмрас ба даст овард.
Дуввум, агар Свот барои наздик буданаш аз маркази шаҳр сйёҳонро ба худ ҷалб мекунад, Душанбеи мо бошад дар атрофаш якчанд свотҷойҳое дорад, ки барои сайёҳат, тиҷорату беҳбудии некуаҳволии шаҳр фоида меорад ва дар фосилаи хело андак қарор доранд. Ин манотиқ иборатанд аз Варзоб, Ромит,Чашмаи Мағмурут, Файзободу Нуробод, ки дар оғуши пойтахт қарор доранд ва гардишгарон аз тамошои он метавонанд ҳаловат бибаранд.
Саввум, агар Свот барои бахши Осиёи Миёна буданаш ва дорои осори қадимаву тамаддунаш сайёҳонро истиқбол мекунад, Тоҷикистон қалбу маркази Мовароуннаҳр аст, ки бо ганҷу фарҳанг ва бузургону маорифпарваронаш метавонад ҳазорон гардишгарро ба хокаш ҷалб намуда, барояшон аз маънавиёту осори қадимааш ҳадяҳои ёдгорӣ тақдим намояд.
Ва агар обу марғзорҳои Свот маъшуқаҳои равонии гардишгаронанд, дараҳои Алмосӣ, Ромиту Варзоб, чашмаҳои мусаффои Мағмуруту Шоҳамбарӣ, куҳҳои осмонбӯси Бадахшону Зарафшон ва дарёҳои зулоли Кофарниҳону Душанбешаҳр маъшуқаҳои кашфношуда ва ҷаззоби ононанд, ки солиёни дароз дар ҷустуҷӯяшон буданд.
Тоҷикистон, ки зиёда аз 90 дарсадашро куҳҳои осмонбӯсу дилрабо ташкил медиҳад, зарур аст, то аз имтиёз ва хадамоти таҷрибашудаи минтақаи тоҷикони свотӣ биёмӯзад, то тавонад ба кишвар ва аҳолияш манфиату имконоти хуб фароҳам оварад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими илмии Интститути омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here