Аз аввали соли 1992 Арманистон яке пайи дигар қитъаҳои охирини Озарбойҷонро дар қисмати болоии Қарабоғ ишғол кард. Ҳамин тавр, 12-уми феврал деҳаҳои Малибелӣ ва Гушчулари Шуша аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ишғол карда шуданд.

Дар ҳуҷуми мусаллаҳона ба деҳаи Гарадаглии ноҳияи Хоҷаванд аз 13 то 17-уми феврал аз тарафи арманиҳо 118 нафар (кӯдакон, занон, пиронсолон) ба асорат гирифта шуда, 33 нафар кушта шуданд. Кушташудаҳо ва маҷрӯҳон ба чоҳҳои хоҷагӣ андохтаву дафн шуданд. Аз онҳое, ки дастгир шуда буданд, 68 нафар бераҳмона ба қатл расиданд ва 50 нафар бо мушкилоти зиёд озод шуданд. 18 нафар аз ҷабрдидагон пас озодӣ аз ҷароҳати вазнин фавтиданд. Наслкушӣ аз тарафи арманиҳо дар Хоҷалӣ дар охири асри бистум яке аз ҷиноятҳои махсусан вазниненст, ки то кунун алайҳи башарият содир шудааст. Фоҷиаи Хоҷалӣ аз бадбахтиҳои Хатин, Ҳолокост, Сонгми, Руанда ва Сребреннитса, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд, фарқ надорад. Ҳодисаҳои зикршуда дар таърихи ҷангҳо ҳамчун наслкушии аҳолии осоишта сабт шудаанд ва тамоми ҷаҳони муосир онҳоро маҳкум кардаанд.

Шаҳри Хоҷалӣ ҳамчун қаламрави муҳими стратегӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон, ба нақшаҳои ишғолгароёнаи арманиҳо халал мерасонд, зеро дар 10-километрии ҷанубу шарқи Ханкендӣ байни роҳҳои Агдам-Шуша ва Аскарон-Ханкендӣ ҷойгир аст. Ҷой доштани танҳо фурудгоҳ дар Қарабоғи Кӯҳӣ аҳамияти шаҳрро афзуда буд. Аз ин рӯ, мақсади асосии қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ба даст овардани назорати роҳи Аскарон-Ханкендӣ, ки тариқи Хоҷалӣ мегузашт ва ишғоли фурудгоҳ буд. Бо наслкушӣ дар Хоҷалӣ, ки бо бераҳмии шадид анҷом шуда буд, арманиҳо мақсад гузоштанд, то ин шаҳраки бостонии Озарбойҷонро аз рӯйи замин маҳв кунанд, зеро Хоҷалӣ, ҳамчун яке мавзеҳои бостонии Озарбойҷон дорои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ буд. Шаҳристони Хоҷалӣ бо шумораи аҳолии зиёда аз 7 ҳазор нафар аз деҳоти бузургтарин ва бостонӣ ба шумор мерафт, ки дар иҳотаи деҳаҳои Арманистон буд. Дар ин ҷо ёдгориҳои таърихии қадимӣ то давраи муосир маҳфуз монда буданд. Чуноне маълум аст, дуртар аз Хоҷалӣ намунаҳои фарҳанги хоҷалӣ-гадабейӣ ҷой доштанд, ки марбут ба асрҳои XIV-VII пеш аз милод буданд. Дар моҳи феврали соли 1992, 4 артиши мусаллаҳи Арманистон бо ёрии полки 366-уми Шӯравӣ, бо аҳолии Хоҷалӣ ваҳшиёна рафтор карда, ба ин гуна амалҳои мудҳише чун рӯйпӯш кардани нишонаҳои генотсиди гӯшношунид ва нобуд кардани ёдгорҳои Хоҷалӣ, ки на танҳо барои мардуми Озарбойҷон, балки барои тамоми инсоният беназиранд, даст заданд.

Ҳанӯз 4 моҳ пеш аз фоҷиа, яъне аз охири моҳи октябри соли 1991, тамоми роҳҳои автомобилгарди ҷониби шаҳр, баста шуданд ва Хоҷалӣ расман дар иҳота қарор гирифт. Илова бар ин, аз 2-уми январ, интиқоли нерӯи барқ ​​ба Хоҷалӣ қатъ гардид. Ҳамин тариқ, ҳамаи робитаҳои байни Хоҷалӣ ва дигар минтақаҳои Озарбойҷон аз байн рафтанд, танҳо як воситаи робита бо чархбол барқарор буд, ки чанд моҳ пас робитаи чархболӣ низ бо Хоҷалӣ қатъ гардид. Чархболи Ми-8, ки 28 январи соли 1992 аз Агдам ба Шуша парвоз мекард, пеш аз расидан ба шаҳр бар болои деҳаи Халфалӣ бо партоби мушак аз Ханкендӣ зада шуд, ки дар натиҷа 3 сарнишин ва 41 мусофир ба ҳалокат расиданд. Баъди ин, артиши Арманистон, яке пас аз дигаре охирин маҳалҳои аҳолинишини Озарбойҷонро дар қисми кӯҳистони Қарабоғ ишғол кард. Дар охири соли 1991, зиёда аз 30 нуқтаи аҳолинишин дар қисми кӯҳии Қарабоғ, аз ҷумла деҳаи Tyr, Имарет-Герванд, Мешалӣ, Ҷамиллӣ, Умудлу, Каркиҷаҳон ва дигар деҳаҳои стратегӣ аз ҷониби арманиҳо сӯзонда шуда, несту нобуд ва ғорат гардиданд.

Дар шаби 15 ба 16-уми феврали соли 1992 қувваҳои мусаллаҳи Арманистон бо ёрии 10 танк, 16 зиреҳпӯши боркаш, 9 мошини пиёдаҷанг, 180 низомӣ ва нерӯи назарраси полки 366-уми шӯъбаи 23-и дивизияи 4-уми собиқ СССР мустақар дар Ханкендӣ, Ҳоҷиалиро иҳота карданд. Бо истифода аз силоҳҳои муосир арманиҳо Хоҷалиро ба замин яксон карданд. Шаҳр тавассути техникаи беҳисоб сӯзондаву пурра хароб ва одамон бо бераҳмии махсус кушта шуданд. Аксарияти онҳоро сар буриданд, чашмонашонро аз сар берун оварданд, онҳоро пӯст канданд ва зинда сӯзонданд. Аз маводи тафтишот бармеояд, ки дар ҳамла бо роҳбарии Сейран Оганян — ҳоло вазири дифои Арманистон, инчунин фармондеҳи баталёни 3-юми полки 366-ум Евгений Набоков, зиёда аз 50 афсару прапоршики арманӣ иштирок кардаанд. Дар натиҷаи ин наслкушӣ, тибқи маълумоти расмӣ, 613 нафар, аз ҷумла 63 нафар кӯдак, 106 зан, 70 куҳансол кушта шуданд. 8 оила пурра пурра маҳв шуданд. 487 нафар, аз ҷумла 76 кӯдак, маъюб шуданд. Илова бар ин, 1275 нафар асир ва 150 нафар бе ному нишон гардиданд.

Манучеҳр Ниёзов

Добавить комментарий