Аммо Маскав мегӯяд ин силоҳҳо тақвияти неруҳои мусаллаҳи ин кишваранд ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ асос надорад. Русия ахиран силоҳҳоеро озомоиш кард ва бахшеро вориди қувваҳои мусаллаҳаш кард, ки назираш дар ҷаҳон набудааст.

Соли 2019 Русия ба оламиён аз силоҳҳои нави худ хабар дод ва иддае аз онҳоро ба намоиш гузошт. Инҳо силоҳҳое наве буданд, ки то ҳадде боиси асабоният дар ИМА ва бисёр кишварҳои Аврупо шуданд.  Baltnews (Латвия) дар як гузориш аз ин силоҳҳои нав гуфт ва то ҷойе имкон дошт, маълумотеро ҳам аз чигунагии онҳо интишор дод.

Ин нашрия навишт, ки Русия чун ҳамеша силоҳҳои худро такмил медиҳад ва метавон аз ҳоло гуфт, ки ин кишвар дар садади комилан нав кардани системаи нави силоҳҳои худ аст, мехоҳад бахшеро такмил диҳад, аз баҳри силоҳҳои куҳнашуда барояд ва ба ҷойи онҳо мушакҳои нави балластикиро созад ва дар истифода қарор диҳад. Яке аз онҳо «Кинжал» (Ханҷар) ном дорад.

Тирамоҳи соли 2019 Русия мушаки болдори фаросавтии “Кинжал” (Ханҷар”)-ро дар шароити Қутби Шимол озмоиш кард. Ин силоҳ таваҷҷуҳи ИМА-ро ба худ кашид. Military Watch  навишт, ки ин силоҳи нав калиди назорати Русия бар минтақаи Қутби Шимол мебошад.

Маҷмаъаи мушакии “Ханҷар” бо суръати 10 адади Моҳ ҳаракат мекунад ва киштиҳоро ҳадаф қарор медиҳад. “Амрикоиҳо ҳоло ҳатто наметавонанд орзу кунанд, ки соҳиби чунин силоҳе хоҳанд шуд ё на”,- гуфтааст таҳлилгари  маҷаллаи “Арсенал отечество” Алексей Леонков ба хабарнигори  Baltnews.

Бартарии аосии ин мушак суръати он мебошад, ки қодир аст ба суръати 12 ҳазору 240 км/соат ба ҳаракат дарояд ва ба ҳадаф исобат намояд. Маҷаллаи Military Watch зикр мекунад, ки имрӯз ин мушакҳои навъи “Ханҷар” аз навъҳои пешрафтатарин дар неруҳои мусаллаҳи кишварҳо мебошанд. Русия ҳоло мехоҳад гузинаи нисбатан фишурдатарин ин мушакро барои ҳавопаймоҳои ҷангандаи Су-57 ҷойгир кунад.

«Сиркон»

Тирамоҳи соли 2019 мушаки баҳрии “Сиркон” низ санҷида шуд. Дурии парвози он бештар аз ҳазор километр мебошад. Акнун тибқи нақша киштиҳои рӯиобиву зериобӣ бо ин силоҳи нав муҷаҳҳаз мешаванд. Аз ҳоло ҷойгир кардани он ба киштии зериобии “Хаски” вирди забонҳост. Ҳар маҷмаъаи “Сиркон” дорои 40-48 мушак хоҳад буд, ки яке аз онҳо мушаки болдори “Калибр” мебошад. Контр-адмирали мустаъфӣ, Қаҳрамони Русия, номзади илмҳои техникӣ Всеволод Хмиров гуфтааст, ки киштиҳои неруҳои баҳрии Русия метавонанд ҳамзамон то 40 мушаки “Сиркон”-ро партов кунанд ва онҳо қодиранд дар 5 дақиқа ба ҳама ҳадафҳо расанд. Дар ин панҷ дақиқа ҳарбиёни амрикоӣ танҳо метавонанд аз партови мушак огоҳ шаванд, вале барои доштани он фурсат намеёбанд. Ин мушак ба ҳадде қавӣ ва зудпарвоз аст, ки ҳариф наметавонад ва аслан фурсате ҳам намеёбад аз он худро бо василае муҳофизат намояд. Ёдрас мешавем, ки хеле пештар сарвари фармондеҳии стратегии ИМА генерал Ҷон Ҳайтен гуфта буд, ки барои Амрико мушакҳои нави болдори Русия хеле хавфноканд.

«Авангард»

Русия дар соли 2019 маҷмаъаи нави мушакии “Авангард”-ро ба намоиш гузошт. Таҳлилгари хадамоти таҳқиқотии Конгресси Амрико Эми Вулф гуфта буд, ки ИМА қодир ба он нест, ки на танҳо аз маҷмаъаи мушакии “Авангард” худро ҳимоя кунад, балки наметавонад дар баробари мушакҳои нави байниқитъавии болдори Русия муқовимат намояд.

«Моҳи декабри соли 2018 Русия “Авангард”-ро озомиш кард. Ман дар хона будам ва навгониҳои оламро тамошо мекардам. Вале аз ин хеле ғамгин будам. Худои ман, онҳо ин мушакро озмуданд, вале мо наметавонем аз он худро ҳифозат намоем! Вале мо аз мушакҳои тезпарвози балластикии Русия ва Чин низ наметавонем худро ҳифозат кунем”,-изҳор дошта буд вай дар суханронии худ дар маркази Карнегии Вашингтон.

Моҳи декабри соли 2018 бори аввал “Авангард” санҷида шуд. Таҳлилгари ҳарбӣ Алексей Леонков мегӯяд “Авангард”-ро амалан наметавон сарнагун кард. “Задани ин дастгоҳ амалан имкон надорад, зеро хеле мушкил аст рӯ ба рӯи вай чизеро қарор дод, ки тавонад ҳадаф қарор диҳад. Барои он ки ба вай расанд, суръат бояд якуним баробар баландтар аз 30 адади Моҳ бошад ва амрикоиҳо чунин дастгоҳ надоранд”.

Леонков илова кард, ки ИМА техникае надорад, ки бо суръати 20 адади Моҳ парвоз кунад ва он чи ки ҳоло дар ин кишвар омода мешавад, танҳо метавонад ба суръати 5 адади Мох ба парвоз ояд. Тобистони соли гузашта, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин парда аз асрор бардошт ва дар бораи як вижагии “Авангард” нақл кард. Вай гуфт, ки имрӯз шабеҳи “Авангард” мушаке нест, ки дар кишварҳои дигаре пайдо шавад,  ҳам пас аз якчанд сол пайдои ин гуна мушак муҳол аст. Ҳамзамон, мушаки ин маҷмаъа дар гармии се ҳазор дараҷа тобовар аст. Вай қайд кард, ки ҳангоми фаъолкунӣ, мушак то ҳарорати ду баробар камтар аз гармии офтоб гарм мешавад. Маҳз ба шарофати истифодаи маводҳои вижа мушак ба ин гуна ҳарорати баланд тобовар аст, ҳангоми парвоз намеларзад ва қодир аст, ки сигналҳоро аз маркази идорӣ қабул кунад.

Суръати фавқулода баланд

Русҳо мегӯянд «Авангард»- баландсуръаттарин мушак дар замин аст. Ноиби сарвазири Русия Юрий Борисов дар суҳбаташ бо “Звезда” гуфтааст, ки ин мушак бо суръати 27 баробар бештар аз суръати садо ҳаракат мекунад. Яъне, 9 килеметр дар як сония. Аммо силоҳҳои аз ин баландсуръаттар низ ҳастанд, вале онҳо силоҳҳои лазерӣ мебошанд.

С-500 «Прометей»

Соли гузашта Русия эълон кард, ки дар нимаи дуюми соли 2020 як силсила мушакҳои зенитии нави системаи С-500-ро тавлид хоҳад кард.  Бино ба гуфтаи сарвари ширкати Ростех Сергей Чемезов муддати панҷ соли оянда, Маскав системаи силоҳҳои нави худро ба хориҷ содир намекунад, мехоҳад дар навбати аввал артиши худро пурра муҷаҳҳаз кунад ва баъди он барои фурӯш силоҳ истеҳсол намояд. Системаи нави мушакии С-500 «Прометей» барои мубориза бо кулоҳакҳои ҳастаии мушакҳои балластикии дурбурдашон миёна таъин шудааст. Роҳгирӣ тавассути ин маҷмаъа партови мушакҳои дурбурдашон то 3 ҳазору 500 километрро таҳдид мекунад. Тибқи баъзе маълумот маҷмаъаи С-500 қодир аст мушакҳои болдор, ҳавопаймоҳо, ҳама намуди тайёраҳои бесарнишин, мушакҳое, ки бо суръати панҷ баробар баландтар аз суръати садо парвоз мекунанд, маҳв кунад, ҳатто метавонад ҳадафҳоеро дар фазо нобуд созад.

Су-57

Соли гузашта дар солони ҳавопаймоҳои Русия МАКС-2019 ин кишвар ҷангандаи нави насли панҷум Су-57-ро ба намоиш гузошт. Он назар ба ҷангандаҳои амрикоии Ғ-22 ва Ғ-35 бартариҳое дорад, ки ба шарофати он аз зарбаи ҳариф метавонад фирор кунад ва худро наҷот диҳад. Ҳавопаймо бартариҳои дигаре ҳам дорад. Вай бо радиолакаторҳои фаъол муҷаҳҳаз аст, ки имкон медиҳад ҷисмҳоро ҳам дар фазо ва ҳам дар замин аз садҳо километр бубинад. Дар ягон ҳавопаймои ҷангандаи чандинвазифаии насли панҷум, ин гуна радар вуҷуд надорад: на дар Ғ-22,  на дар Ғ- 35 ва на дар J-20.

Владимир Путин изҳор дошта буд, ки Су-57 аз нигоҳи нишондодҳои тактикиву техникӣ дар олам беҳтарин ҳавопаймои ҷангӣ мебошад. Ягон тайёра мисли ҳавопаймои мо наметавонад парвоз кунад,-гуфта буд ӯ. Журналисти ҳарбӣ  Алексей Леонков дар суҳбаташ бо “Звезда” гуфтааст, ки Су-57 аз нигоҳи техникӣ болотар аз Ғ-35-и амрикоист. Дар ҳоли рӯ ба рӯ омадани ин ду ҳавопаймо дар фазо ҳангоми парвоз Су-57 Ғ-35-ро зудтар пай мебарад.

Ҳаллвард Саннберг, таҳлилгар аз Норвеж менависад, ки русҳо кайҳост ба таҳкими тақвияти системаи ҳарбии худ, ки тавонад бо ИМА муқовимат кунад, саргарманд. Ин таҳлилгар ба ин назар аст, ки Русия мили силоҳҳои худро ба самти ИМА нигаронидааст. Мушаки навтавлиди “Авангард”-ро дигар касе ё кишваре наметавонад садди роҳ шавад. Аввалин гунаҳои “Авангард” алалкай вориди қувваҳои мусаллаҳи Русия шудаанд, яъне зинаҳои озмоиширо пурра пушти сар кардаву қобили истифода будани худ дар набардҳоро собит кардаанд.  Ин ҳам дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин сареҳан изҳор дошт, ки ин силоҳи нав бартариҳое аз силоҳҳо то кунун буда дорад. Вай дар суҳбаташ бо хабаргузории Рейтер гуфт: “Имрӯз мо дар таърихи нав ва навин як вазъияти беназире дорем: онҳо моро ба ҳайрат меоранд. Ҳеч кишваре то кунун ин гуна силоҳ, аслиҳаи фаросавтӣ надорад. Ва аслиҳаи фаросавтии дурбурди минтақавиро аслан касе надорад”.

Маврид ба таъкиду ёдоварист, ки “Авангард” метавонад кулоҳаки ҳастаии вазнаш то ду мегатоннаро дошта бошад ва ҳам метавонад дорои кулоҳаки маъмулӣ ҳам бошад. Вазири собиқи мудофиаи Русия Сергей Иванов гуфтааст, ки як вижагии “Авангард” он аст, ки дар баландӣ пайваста самти ҳаракаташро иваз мекунад, аз ин рӯ, дақиқан ба он расидан имкон надорад. Аммо Холст-Педерсен Квам ба ин назар аст, ки Кремл дар арзёбии силоҳи нави худ муболиға мекунад. “Зоҳиран онҳо ба ҳадафи  тақвияти иқтидори системаҳои боздорандагии Русия рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва агар ин ҳамзамон таҳлилгарон ғарбиро гумроҳ созад, пас ин маънои онро дорад, ки русҳо ба ҳадаф расидаанд”. Тахмин меравад, ки силоҳи нави Русия дар баландии на камтар аз 100 км, поинтар аз марзи кайҳон фаъол буда метавонад. Муҳофизати зиддимушакии ИМА барои нобуд кардани силоҳҳои балластикӣ дар фазои берунӣ сохта мешаванд. Яъне, ин система зидди силоҳест, ки наметавонад аз зарба ҷойи гурез дошта бошад. Аммо “Авангард” дар фазое фаъол аст, ки ин системаҳо қодир ба расидагӣ ба он нестанд.  Амрикоиҳо ду системаи зиддимушакӣ доранд, ки мушакҳоро дар фазо ҳадаф қарор медиҳанд. Вале аз ҳоло онҳо ба ин боваранд, ки барои ба “Авангард” расидану нобуд кардани он системаҳои зиддимушакии “Патриот” ва Тэд” мутобиқ карда шаванд. “Авангард”- ин дастгоҳи паррони бидуни муҳаррик аст, пас он метавонад хеле зуд самти ҳаракати худро тағйир диҳад.  

Бо истифода аз маводи Интернет

 таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here