Сенаторони Палатаи болоии Парлумони Ӯзбекистон иштироки ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба ҳайси нозир тасдиқ карданд. 71 сенатор мусбат овоз доданд, 16 сенатор ин пешниҳодро дастгирӣ накарданд, 4 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки масъалаи ҳамроҳшавии Ӯзбекистон ба ин созмони иқтисодӣ ба муддати ду сол ба доираи баҳсу баррасиҳо кашида шуд.

Раиси Кумитаи масоили равобити хориҷӣ, алоқаҳои иқтисоди беруна, сармояҳои хориҷӣ ва сайёҳӣ Равшанбек Алимов гуфтааст, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз рӯи истихроҷи нафт ва газ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад, аз рӯи тавлиди нуриҳои минералӣ ҷои дуюм, аз рӯи тӯли роҳҳои оҳан ҷои сеюм ва аз рӯи тавлиди барқ дар ҷои чорум қарор дорад.

– Ширкати Ӯзбекистон дар ин иттиҳод имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротии худро тавсеа бахшад, робитаҳои кооператсионии худро ривоҷ диҳад, кластерҳои соҳавӣ, минтақаҳои саноатӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монад, ҳамкориҳои минтақавиро тараққӣ диҳад ва барои муҳоҷирати берунаи корӣ шароити созгор фароҳам оварад, – иброз доштааст Равшанбек Алимов.

Ба ақидаи ӯ дар баробари ин тайёр набудани як қатор соҳаҳо, рақобатнопазирии баъзе маводи истеҳсолнамудаи корхонаҳо ба ин раванд метавонанд ҳамчун омили муҳим таъсири манфӣ ба бор оваранд. Гузашта аз ин, Равшанбек Алимов иштироки Ӯзбекистон дар ин созмонро то андозае барои бақияи тиҷорат, меъёри пардохти мамлакат риск арзёбӣ намудааст, ки  бар ин асос ҷойҳои зиёди шуғл аз даст мераванд.

Ҷонишини нахуствазири Ӯзбекистон Ҷамшид Қучқоров дар ташреҳи ин мавқеи ишғолкардаи кишвараш гуфтааст, ки ба ҳайси нозир иштироки он дар ИИАО ба ислоҳот ягон таъсири манфӣ намегузорад.

Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон ҳақ дорад, ки озодона дар фаъолиятҳои ҳамаи ниҳодҳои кории ин созмон ширкат намояд, танҳо аз ҳақи ширкат дар раванди овоздиҳӣ маҳрум мебошад.

– Дар ҳар сурат мо бояд рақобатро пурзӯр кунем ва дар бозорҳои ин созмон мавқеи худро ишғол намоем. Барои ин рақобатпазирии соҳаҳои иқтисодиётро таъмин бояд кард, – гуфтааст Ҷамшид Қучқоров.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки тайи муддати нозирӣ Ӯзбекистон имкон пайдо мекунад, ки рақобатнокии соҳаҳои иқтисодиёти худро афзоиш диҳад ва онро ба по хезонад. Дар ин маврид Ӯзбекистон аз таъсири омилҳои  беруна орӣ мемонад. Вай тазакур додааст, ки аммо суботи макроиқтисодиёт яке аз омилҳои муҳим ва аз шумори талаботи ИИАО ба шумор меравад, ки мебояд ба ин нукта низ таваҷҷӯҳи қобили мулоҳиза зоҳир намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷонишини вазири хориҷаи Ӯзбекистон Илҳом Неъматов дар ин бора қаблан чанд маротиба изҳорот пахш карда буд. Ба гуфтаи ӯ барои он ки Ӯзбекистон аз тамоми имкониятҳо истифода барад, ба ин созмони иқтисодӣ бояд пайвандад.

– Ҳамаи аъзои ИИАО ҳамкорони моанд. Барои он ки бо онҳо дар як сатҳ қарор гирем ва ҳамкориҳоямонро бештар ривоҷ диҳем, аз бозори коло истифода кунем, масъалаи ба ин созмони пайвастани худро ҳаллу фасл намоем, – гуфта буд Илҳом Неъматов дар изҳороти қаблии худ.

Дар маҷлиси Сенат Илҳом Неъматов иброз доштааст, ки Ӯзбекистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин созмон ширкат хоҳад кард.

– Аъзои ИИАО – Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ё Белорус – ҳама робитаҳои худро бидуни мушкилот тавсеъа мебахшанд: сармояҳо ҷалб менамоянд, муносибатҳои сиёсиву иқтисодиашонро ривоҷ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, барои нигаронӣ ягон сабаб вуҷуд надорад, – гуфтааст Илҳом Неъматов.

Ба таъкиди мавсуф, Ӯзбекистон солҳои 2006-2008 дар Созмони иқтисодии АвруОсиё ширкат дошт ва роҷеъ ба оқибатҳои манфии он ба таври лозима таассурот ҳосил намудааст.

Шояд ин таъкиди ӯ ба он маънӣ бошад, ки кишвараш “гурги борондида” аст ва ҳар як иқдоми худро чанд маротиба дар тарозуи ақл бармекашад ва баъдан  тасмими ниҳоии худро эълом медорад.

– Мо дар робита ба ин мавзӯъ қаблан харитаи роҳро таҳия кардем. Бечуну чаро, дар ҷараёни ин  бо ҳамкорони шарқӣ ва ғарбии худ равобити худро идома медиҳем, яъне дар ҳамкориҳои мо ягон халале ворид нахоҳад шуд. Ба фикрам, қарор дар бораи гирифтани мақоми нозир дар ин созмони иқтисодӣ иқдоми дуруст мебошад, – иброз доштааст ҷонишини вазири хориҷаи Ӯзбекистон Илҳом Неъматов.

Ногуфта намонад, ки дар баҳсу мунозираҳои қаблӣ тақрибан ҳамаи депутатҳову сенаторони ҳар ду палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар дар як радиф қарор доштанд. Онҳо тақрибан ҳамаи қонуну қарорҳоро бо як овоз қабул мекарданд. Шояд баъзан як ё ду нафар муқобил овоз медод ва ё аз мусбат ё манфӣ овоз додан худдорӣ менамуд, аммо ҳоло вазъият хеле тағйир ёфтааст. Дар ин авохир депутатҳои Палатаи қонунгузор ва аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муқоиса бо овоздиҳиҳои қаблӣ хеле фаъолнокии бештар нишон медиҳанд. Барои мисол, қабули қарор дар бораи ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Ӯзбекистон дар ду палатаи Парлумон баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба бор овард.  Ҳамчунин, дар мунозираҳои телевизионӣ низ таклифу пешниҳодҳои зидду нақиз ба назар мерасиданд.

Иддае аз депутатҳо бар он назаранд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ солона аз Русия ва Қазоқистон ба кишвари худ бештар аз 2 миллирад доллар маблағ ирсол мекунанд. Агар Ӯзбекистон ба ҳайси узви ҳақиқӣ ба ИИАО пайвандад, садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ маблағҳои зиёди худро ба гирифтани патент харҷ намекунанд. Ин маблағҳо ба Ӯзбекистон интиқол меёбанд. Гузашта аз ин, бо онҳо ба ҳайси шаҳрвандони кишвари узви ин созмон муносибат сурат мегирад. Ин омили хеле муҳим хоҳад буд.

Аммо гурӯҳи дигари депутатҳову сенаторон аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ба ҳайси узви ҳақиқии ИИАО пазируфта шудани Ӯзбекистон кишварашонро дубора ба  Русия тобеъ мекунад. Ҳамчунин омилҳои зиёде низ мавҷуданд, ки бар асоси он ширкати Ӯзбекистон дар ин созмон ба ҳайси нозир бештар ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ба ин тартиб, тибқи қарори ҳарду палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё танҳо ба ҳайси нозир ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, бо гузашти вақт Ӯзбекистон ҷиҳати ширкати худ дар ин созмон таҷдиди назар хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий