22-юми декабри соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботҳо баргузор мегарданд. Интихобкунандагон ба Палатаи қонунгузори парлумон ва ниҳодҳои маҳаллӣ депутатҳо  интихоб мекунанд. Дар ин замина мухбири “Фараж” бо раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо Улуғбек Абдусаломов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мӯҳтарам, Мирзо Улуғбек Элчиевич, интихоботҳои депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлис  ва ниҳодҳои маҳаллӣ, ки 22 декабри соли равон баргузор мегарданд, аз интихоботҳои қаблӣ чӣ гуна фарқ мекунанд?

— Аз он шурӯъ кунам, ки ин интихоботҳо аз интихоботҳои қаблӣ комилан фарқ мекунанд. Аввалан, шуъури сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳанги мардуми мо хеле боло рафтаааст, дуввум, платформаҳои аҳзоби сиёсӣ хеле пурмуҳтаво ва рангоранганд, ба ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои мухталифи ҳаёти мардуми кишвар нигаронида шудаанд, севвум,  воситаҳои ахбори оммавӣ аз ҳар нигоҳ ба сифати “ҳокимияти чаҳорум” мавқеъ пайдо мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳову бахшҳои мамлакатамон ба тамоюлҳои кушодагӣ, ошкорбаёнӣ, демократия таваҷҷӯҳу эътибори хос дода мешавад.

Нуктаи дигареро таъкид карданиам, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25 июни соли 2019 қонун дар бораи Кодекси интихобот ба имзо расид ва он дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ-маърифатӣ ҳамчун ҳодисаи бузургу беназир арзёбӣ мешавад.

Навгонии аз ҳамаи муҳим дар интихоботҳои қарибулвуқӯъ маҳз бар асоси Кодекси интихобот баргузор шудани он мебошад.

Дар Кодекси интихобот кадом навгониҳо ворид карда шудаанд?

— Дар Кодекси интихобот, пеш аз ҳама, қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба интихобот дар шакли ҳуҷҷати ягона таҷаммӯъ сохта шуданд.  Ин Кодекс водор месозад, ки дар ҷараёни интихобот шаҳрвандон тибқи меъёрҳои қонун ба ҳуқуқи интихоботӣ риоя кунанд, ҳамчунин имкониятҳои фароҳам овардани шароити тавъаму созгор дар ҷараёни баргузории интихоботҳо, зимни пешбарии номзадҳо барои депутатӣ, президентӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ беш аз пеш таҳким ёфтааст.

Дар Кодекси интихобот даҳҳо меъёр ва қоидаҳое ворид гардидаанд, ки дар интихоботҳои миллии Ӯзбекистон дида намешуданд.  Баъзе тартибу қоидаҳои дар амалбуда бекор карда шуданд. Аз ҷумла, дар ҳоле ки 150 курсии депутатҳои Палатаи қонунгузор боқӣ мондаааст, институти квотаи Палатаи қонунгузор ҷудо кардани ҷойҳо барои депутатии вакилони Ҷунбиши экологии Ӯзбекистонро сарфи назар намуд. Идораҳои маҳаллии худидоракунӣ низ минбаъд наметавонанд ба депутатии Шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ номзадҳоро пешбарӣ кунанд. Чунин ҳуқуқи пешбарии номзадҳо комилан бар дӯши аҳзоби сиёсӣ супурда шуд. Феҳрасти ягонаи электронии интихобкунандагон бори аввал сохта шуда ва тибқи Кодекси интихобот ба тартиб дароварда мешавад.

Тибқи тартиби нави ҷоришуда харҷу сарфи шахсони бовариноки номзадҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағе таъмин карда мешавад, ки барои баргузории интихобот ихтисос ёфтааст. Теъдоди шахсони боэътимоди депутатҳои шӯрои вилоятӣ аз се ба панҷ нафар афзоиш дода шуд.

Ғайр аз ин, ба афроди муҷозотшудае ҳақи ширкат дар интихобот дода шуд ва маҳдудиятҳо бартараф гардиданд, ки барои ҷомеа хавф ба бор намеоранд, ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд.

Мувофиқи Кодекс як қатор қоидаҳои нави демократии просессуалӣ ҷорӣ карда шуданд, ки ба ҷараёни интихобот марбутанд.

Дар интихоботҳо чанд ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд? Барои да даст овардани чунин ҳуқуқ кадом равандҳоро бояд пушти сар намоянд?

— Дар интихоботҳои қарибулвуқӯъ бори нахуст панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат доранд. Ин аҳзоб Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-демократики Ӯзбекистон, Ҳизби социал-демократи “Адолат”,  Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”, Ҳизби халқӣ-деморкатӣ   ва Ҳизби экологиии Ӯзбекистон.

Бароим он ки ин аҳзоб битавонанд дар интихобот ширкат кунанд, бояд 40 ҳазор имзоҳои интихобкунандагони пуштибонашонро ҷамъоварӣ кунанд. Дар он сурат ин ҳизб ба пешбарии номзади худ ҳақ дорад.

Баъд аз он ки маъракаи интихобот шурӯъ гардид, вакилони аҳзоби сиёсӣ дар Комиссияи марказии интихоботӣ сабти ном шуданд ва бланкаҳои варақаҳои имзо барояшон супурда шуд.

Як ҳайати коршиносон таъсис дода шуд, ки дурустии варақаҳои ҷамъомаврии имзоҳоро дида мебарояд. Дар таркиби гурӯҳи коршиносон кормандони босалоҳияти идораи корҳои дохилӣ, мутахассисони хатшуноси ниҳодҳои адлия, ҳамчунин вакилони ниҳодҳои иҷтимоии шаҳрвандӣ ҷалб карда шудаанд. Зимни таҳқиқи варақаҳои имзо намояндагони ваколатдори аҳзоби сиёсӣ низ ширкат карданд.

Ба ин тартиб,  баъд аз пушти сар кардани ҳамаи ин тартибу талабот ба аҳзоби сиёсӣ иҷоза дода шуд, ки дар интихоботҳои қарибулвуқӯъ иштирок кунанд.

То кунун аҳзоби сиёсӣ анҷуманҳову қурултойҳои худро баргузор намуданд ва номзадҳои худро ба депутатии Парлумон ва ниҳодҳои маҳаллӣ пешбарӣ карданд. Аз панҷ ҳизби сиёсӣ барои депутатӣ ба Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис 748 номзад сабти ном шуд. Дар айни ҳол аҳзоби сиёсӣ ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ машғуланд.

Барои баргузории интихоботҳо чанд қитъаву ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд? Тартибу қоидаи ташаккул додани он чӣ гуна сурат гирифт?

— Интихоботҳои имсолаи мо зери шиори “Ӯзбекистони нав. Интихоботҳои нав” баргузор мегарданд. Барои ҳамин дар мамлакат 17 ҳазор қитъаҳову ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд ва ҳамаи он бо ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар 150 қитъаи интихоботӣ барои депутатии Палатаи қонунгузор низ интихобот баргузор мегардад, ки ба ҳамин шумор шомил мебошад.

Тибқи Кодекси интихобот таркиби комиссияи ҳавзаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи қитъаи интихоботӣ дар ҳайати 5-19 нафар аъзо, яъне раиси, ноиб ва котиб таъсис меёбад. Агар комиссия то 7 нафар расад, раиси ва котиб тайин карда мешавад. Зарурат пеш ояд, ин ҳайат аз тарафи комиссияи қитъавии интихоботӣ тағйир дода мешавад.

Барои  аъзои комиссияҳои ҳавзаи интихоботӣ ниҳодҳои худидоракунӣ, иттиҳодияҳои ҷомъиятӣ, корхонаву муассисаҳо номзадҳои худро пешниҳод мекунанд ва ин номзадҳо дар ҷамъомади депутатҳои халқи ноҳия ва шаҳр муҳокима мекунанд ва барои пайвастани онҳо ба комиссияи интихоботӣ ба қитъаҳои интихоботӣ тавсия менамоянд.

Шаҳрвандони синнашон аз бисту панҷ боло, соҳиби маълумоти миёна ё олӣ, дар баргузории интихоботҳо шахси таҷрибаандӯхта, соҳиби обрӯву эътибор ба узвияти комиссияҳои қитъаҳову ҳавзаҳои интихоботӣ ба сифати  номзад пешбарӣ шуданд. Аммо аъзои комиссияҳои дигари интихоботӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, ниҳодҳои додситонӣ, вакилони мансабдори додрасонӣ наздикону пайвандони номзадҳо ба депутатӣ ва шахсоне, ки ба номзадҳо итоат мекунанд, наметавонанд дар радифи аъзои ин комиссияҳо пазируфта шаванд. Гузашта аз ин, беш аз ними аъзои комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ аз як ташкилот тавсия карда намешаванд.

Иштироки нозирони байналхалқӣ дар интихоботҳо аҳамияти муҳим касб менамояд. Дар интихоборти қарибулвуқӯъ аз чанд кишвар ва кадом созмонҳои байналмилалӣ нозирон ширкат мекунанд?

— Барои назорати корҳои омодагӣ ба интихобот ва баргузории он, ҷараёни раъйдиҳӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ҳазорҳо нафар аз ниҳодҳои худидоракунии маҳаллӣ, Парлумони Иттифоқи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ниҳодҳои интихоботӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ, журналистони дохиливу хориҷӣ  ширкат хоҳанд кард.

Агар сухан дар бораи нозирони байналхалқӣ равад, гуфтани як рақамро лозим мешуморам. Дар интихоботи парлумонии гузашта дар ҳудуди сӣ нафар вакили Ниҳодҳои демократӣ ва Бюрои ҳуқуқи башари САҲА ба сифати нозирон ширкат карда бошанд, интизор меравад, ки дар интихоботи пеширӯи мо дастикам сесад нафар вакилони ин Бюро ҳамчун нозир ширкат мекунанд. Тибқи маълумотҳои пешакии мо аъзои гурӯҳи асосии ин миссия барои назорати дарозмуддат аз 30 нафар ва барои муддати кӯтоҳ 250 нафарро дар бар мегирад. Нозирони дарозмуддат давраҳои мухталифи интихобот дар ҳудуди гуногунро назорат мекунанд, нозирони кӯтоҳмуддат дар ноҳияҳои вобасташуда ин равандро назорат хоҳанд кард.

Ин нуктаро махсус таъкид карданиам, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тожикистон дар бахшу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар бобати ҳамкориҳои ниҳодҳои интихоботӣ низ беш аз пеш мустаҳкам шуда мераванд. Барои ин натиҷаҳои мулоқотҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ҳамчун асоси ҳуқуқӣ хизмат мекунад.

Барои ҳамин хеле хушҳол мешудем, ки ҳамкасбон ва дӯстони тоҷикистонии мо 22 декабри  соли равон дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба сифати нозирон иштирок кунанд. Чанде муқаддам мо даъватномаҳои худро барои дӯстони тоҷикистонии худ ирсол намудем, ки дар ин интихобот ширкат намоянд. Чунин робитаҳои ҳамкорӣ ба шартнома дар бораи шарикии стратегии мамлакатҳоямон хеле мусоидат хоҳад кард.

— Мирзо Улуғбек Элчиевич, ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

Нигорандаи суҳбат:

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири “Фараж”, щаҳри Тошканд

 

Добавить комментарий