Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор хоҳад кард, ки баргузории он дар Тошканда ба нақша гирифта шудааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ин вохӯрӣ рӯзи 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор мешавад.

Қаблан бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бояд 31-уми март дар Тошканд баргузор мешуд, аммо бо сабаби дунёгир шудани коронавируси COVID-19 лағв карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here